Дорожные сигнальные конусы, архивное фото

Пиёдагарди 33 - соларо нахуст "Скутер" ва сипас "Мерседес-Бенс"пахш кард

235
(Таҷдидшуда 15:09 12.09.2019)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки пиёдагарди 33 - соларо ба якборагӣ ҳам ронандаи "Скутер" ва ҳам "Мерседес-Бенс" пахш намуданд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 10 - уми сентябри соли равон, тахминан соати 23:00 дақиқа, дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" рух додаст.

Манбаъ меафзояд, ронандаи дучархаи тамғаи "Скутер" Кумашов Владимири 25 - сола, сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Шарифов Абдувосити 33 - сола, сокини ноҳияи Айниро пахш намудааст.

Фоҷиа: садамаи мудҳиш дар маркази Душанбе ҷони ду наврасро гирифт

Зимнан, гуфта мешавад, пиёдагардро, ки дар роҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт, Турсунов Раҳими 56 сола, сокини шаҳри Хуҷанд бо автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" дигарбора пахш кардаст.

Наврас аз бордони мошини падараш афтида, ба ҳалокат расид

"Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад", - омадааст дар иттилоия.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

235
Барчаспҳо:
мошин, роҳ, пиёдагард, садама, Тоҷикистон
Запись на листе бумаге, архивное фото

Худкушии мудири кӯдакистон дар Ӯзбекистон - сабабҳо маълум шуд

375
(Таҷдидшуда 13:22 12.07.2020)
Пас аз ин ҳодиса барои муайян кардани сабабҳои худкушӣ комиссияи вижа ташкил шуд. Бино ба хулосаи прокуратураи ноҳияи Баликчӣ марҳум ба сабаби мушкилот дар кор ва вазъи саломатияш даст ба худкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Хабарҳои нохуш аз вилояти Андиҷони Ӯзбекистон. Мудири боғчаи баччагонаи рақами 11 - и ноҳияи Баликчӣ худкушӣ кард. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ хабар медиҳад.

Дар хулосаи судӣ ва санҷиши равонӣ омадааст, ки "вазъи номусоиди марҳум дар паи низоъҳои эҳсосотии ботинӣ бархоста, ӯро ба чунин кор овардааст".

Ин ниҳод қайд карда, ки вақтҳои охир дар шӯъбаи маорифи ноҳия, ки кӯдакистони рақами 11 ба он мутааллиқ будааст, мушкилоти зиёд сар задааст. Аз ҷумла нақзи қавонини ҷиддӣ дар бахши хоҷагидорӣ ва молиявии кӯдакистон ошкор шудаанд.

Натиҷаҳои санҷиш дар моҳи майи соли равон муайян кардааст, ки роҳбари шӯъбаи таҳсилоти томактабии ноҳияи Баликчӣ нисбати ӯҳдадорҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир кардааст. Маълум шуда, ки директори сохтмонии ширкати "Милано курилиш", ки таъмири кӯдакистонеро, ки Ш. Худжакулова, роҳбарӣ мекард, бар ӯҳда доштааст, тавассути ҳуҷҷатгузории қалбакӣ маблағро аз худ кардааст. Корҳои таъмирӣ бесифат анҷом дода шуда буданду додгоҳи ноҳиявӣ нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ҳамчунин дар фаъолияти раҳбарӣ ва интизомӣ низ дар ин муассисаи томактабӣ нуқсонҳои зиёд дида шуда, ба вокуниши нохубе аз ҷониби аҳолӣ дучор шудааст. Ҳамин тавр, моҳи июни соли равон мудири кӯдакистон аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Тибқи таҳлилҳои комиссия ҳамаи ин омилҳо ба саломатии рӯҳию равонии мудири муассиса таъсир карданд ва ӯ ба хушкушӣ даст зад. Пизишкон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ нисбати даргузашти мудир ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори ҳамдардӣ мекунад.

375
Барчаспҳо:
боғчаи бачагон, мудир, сабаб, худкушӣ, Ӯзбекистон
Пляжный зонт

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

527
(Таҷдидшуда 17:20 11.07.2020)
Ин ҳодиса дар яке аз пляжҳои Миср рух додааст. Ба далели зиёд сар задани чунин ҳодисаҳо, сокинон онр "пляжи марг" ном гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Ёздаҳ нафар дар пляжи Александрияи Миср ғарқ шуданд, хабар медиҳад Akhbar el-Youm.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, ғарқшавии 11 нафар дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дар доираи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус пляжро баста буданд ва аз сокинон дархост намуданд, ки дар ин манотиқ дигар ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳодиса соати 05:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Сокинон ба хотири ба дасти кормандони пулис науфтодан, субҳи барвақт ба пляж рафтанд.

"Даҳ нафар ба ҳангоми наҷот додани як кӯдак аз ғарқшавӣ худ зери об рафтанд. Наҷотбахшон танҳо ҷасади 6 нафарро берун оварданд. Корҳои кофтукобӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар Миср сар аз моҳи март, аз замони авҷ гирифтани маризии коронавирус ҳамаи пляжҳо баста шудаанд ва кормандони пулис ҳамарӯза аз ҳузури одамон назорат мебаранд.

527
Барчаспҳо:
Миср, ғарқ, кӯдак
День 13 июля

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:06 12.07.2020)
Рӯзи сенздаҳуми июл дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ буда дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ мебошад

Рӯзи 13 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1885 дар Амстердам Осорхонаи миллии Голландия ифтитоҳ ёфт.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1923 Парлумони Англия фурӯши машруботи спиртиро ба шахсони аз 18 -сола поён манъ кард.

Соли 1930 дар пойтахти Уругвай – шаҳри  Монтевидео аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардида, 30 июл ба анҷом расид.

Соли 1935  аввалин Созишномаи тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА  ба имзо расид.

Соли 2001 пиразани 101-солаи австралиягӣ бо номи Эйми барои давидан ба масофаи 1500 метр рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ ин масофаро дар 19 дақиқаю 59 сония паси сар намуд.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

День 11 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 созишнома, аз ҷумла, Созишнома дар бораи маблағгузории «Лоиҳаи мустаҳкам намудани тартиби ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид.

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқот анҷом дода,  масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.

Соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Такур расман ифтитоҳ ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл

  • Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
  • Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдулло Субҳон (1955)- шоир.

Басир Расо (1931-2011) – шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Мўсо Вализода (1937)- шоир.

Қаро Зокиров (1929)- рассом, ҳайкалтарош.

Амонулло Каромов (1970)- актёри театр.

Фотима Куинова (1925) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бақо Содиқов (1941) – коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Собир Хоҷаев (1928 – 2009) – мутарҷим.

Самеъҷон Шодиев (1919-1994)- арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи маданияти ТоҷикистонАзиз Эргашев (1922- 1997)- арбоби ҷамиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ямилов (1934) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Раҳматулло Ҳошимов (1960)- сароянда.

Равшан Баротов (1972)- оҳангсоз.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон