Пахши модару писар: кӯдаки 7-сола ба ҳалокат расиду модар дар бемористон бистарӣ шуд

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 35-ум километри шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” ронандаи “Опел-Вектра” қоидаи роҳро вайрон намуда як занро ҳамроҳ бо писараш пахш намудааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст дар натиҷаи садама дар 35-ум километри шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”  писарбачаи ноболиғ аз ҷароҳати ванзини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва модараш бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гуногун, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дорожные сигнальные конусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пиёдагарди 33 - соларо нахуст "Скутер" ва сипас "Мерседес-Бенс"пахш кард

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 11-уми сентябри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Тоиров Гургилло Мирзомуродович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат дар 35-ум километри шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Буттаева Ойгул Абдураҳимовна, соли таваллудаш 1983 ва писари ноболиғаш Мусоев Анис Элмуродович, соли таваллудаш 2013, сокинони ноҳияи Ёвонро пахш намудааст. 

ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар натиҷа, ноболиғ Мусоев Анис ҷароҳати ванзини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва модараш Буттаева О.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0