Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября

Таркиши навбатӣ дар пешоруйи интихоботи Афғонистон боз 20 кушта барҷой гузошт

110
Бар асари инфиҷори мошини ҳомили маводи тарканда дар вилояти Зобули Афғонистон дасти кам 20 нафар ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз дар вилояти Зобули Афғонистон таркиши интиҳорӣ рух дод, ки дар пай ҷони 20 нафарро рабуд ва ҳамзамон чандин нафари дигаро маҷрӯҳ кард.

Бино бар хабари ToloNews, бар асари таркиш бинои шӯъбаи амниятӣ ва бемористони шаҳр осеб диданд.

Пизишкони бемористони шаҳри Қалот теъдоди захмиёнро хеле зиёд арзёбӣ карда гуфтаанд, ки барои интиқоли онҳо аз ҳамсояшаҳри Қандаҳор мошинҳои таъҷилӣ даъват шуданд.

Минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон аз тасарруфи Толибон озод шуд

Пас аз ҳодисаи таркиш, ҷунбиши ҳаракати Толибон масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифтанд.

Ҳодисаи таркиш замоне рух дод, ки музокироти сулҳи Толибон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қатъ шуда ва Афғонистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Зимнан, маврид ба зикр аст, ки чанде қабл дар Афғонистон ба ҷони раисҷумҳури ин кишвар Ашраф Ғанӣ суйиқасде анҷом ёфт.

Гуфтушунид бо Толибон дар Маскав: Кобулов гуфт, онҳо омодаи музокирот бо ИМА мебошанд

Маргталаб худро дар миёни намояндагони маъракаи интихоботӣ, ки барои мулоқот бо раисҷумҳур омаданд, мунфаҷир намуд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, чандин тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил ёфтанд.

110
Барчаспҳо:
ҳалокат, таркиш, Афғонистон