Додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Ҳукми Шарипов барои худкушии занаш бо 2 фарзанд

265
(Таҷдидшуда 11:00 23.09.2019)
Додгоҳ Фатҳулло Шариповро, ки занаш бо ду фарзанди хурдсолаш моҳи майи соли 2018 худро ба дарё андохта худкушӣ карда буд, ба 5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Шарипов Фатҳулло Ҳазратқулович соли 2014 бо шаҳрванд Холова Бибисайрам Сафарбековна оила барпо намуда, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби 2 фарзанд гардидаанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки Шарипов дидаву дониста, ки ҳамсараш аз ҷиҳати моддӣ ва муносибати оилавӣ дар тобеияташ мебошад, нисбати ҳамсар ва фарзандони хурдсолаш муомилаи сангдилона намуда, онҳоро бо хӯрока ва либоса таъмин накарда, мунтазам шаъну эътиборашонро паст зада, фишору зӯроварӣ намудааст.

“Дар натиҷа Холова Бибисайрам ба ин муносибатҳои сангдилонаи Шарипов тоб наоварда, 7 майи соли 2018 тахминан соати 05:30 дақиқа худро ҳамроҳи фарзандонаш ба дарёи Кофарниҳон партофта, даст ба худкушӣ задааст”, - омадааст дар иттилоия.

Фоҷиаи мазкур моҳи майи соли гузашта рух дода буд, модари 23-сола бо фарзандонаш - писарони 4-сола ва шашмоҳа худро ба дарё андохта, худкушӣ карда буд.

Ба 2 сомонию 40 дирам кам дод: Додситонии кул аз фиребкорӣ дар НФС-ҳо гуфт

Ба иттилои Додситонии кулл, аз рӯи ин ҳодиса додситонии шаҳри Ҳисор нисбати Шарипов бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ, барои ба худкӯшӣ расонидан парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишот ба суд ирсол кард.

Бо ҳукми суд Шарипов дар расондан ба худкушӣ гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 5 сол бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум гардид.

265