Мошини ёрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ

Ду садамаи маргбори рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон

113
(Таҷдидшуда 13:59 23.09.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар дод, ки рӯзи якшанбеи 22 сентябр дар навоҳии кишвар рух доданд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, рӯзи 22-юми сентябри соли 2019, тахминан соати 08:30, ронандаи трактори тамғаи “Т-16-М”, пиёдагарди хурдсол, хонандаи синфи 1-ро зер кардааст.

“Ронандаи трактор, сокини 38-солаи шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи С.Табаров-1 ба самти деҳаи С.Табаров-2-и шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Асомиддинов Ҷӯрабек Бобошарифович, соли таваллудаш 2012, сокини деҳаи С.Табаров-2, хонандаи синфи 1-уми МТМУ-ро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои ВУД, дар натиҷа, ноболиғ Асомиддинов, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дигари маргбори рӯзи 22-юми сентябр, тахминан соати 15:15-дақиқа дар ноҳияи Мастчоҳ рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Саидзода Ҳалим Маҳмадсаид, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Бӯстон-Азизобод”, дар худуди заминҳои хоҷагии деҳқонии Х.Амиров, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба симчӯби тарафи чапи роҳ бархӯрда, сипас ба дохили канали обгузар чаппа шудаст”, - тавзеҳ додааст ВУД.

Дар натиҷа, худи ронанда Саидзода ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД  таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

113