ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Ваҳдат: ҳалокати ронанда ва бистарӣ гаштани мусофир

1049
Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид намудааст дар ин садама ронандаи мошини “Опел-Вектра”, Солеҳов Шодмон ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар садамаи маргборе, ки рӯзи 23 сентябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст, як нафар ба ҳалокат ва як нафари дигар дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Тавре ВУД Тоҷикистон хабар додааст, рӯзи 23-юми сентябри соли равон, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Солеҳов Шодмон Сайдалиевич, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Гирдоби ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро чаппа кардааст.

“Дар натиҷа, ронанда Солеҳов Ш.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон ВУД таъкид намудааст, ки мусофири дохили мошин Саъдуллоев Сунатулло Ғайбуллоевич, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Нурофаи ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

1049
Барчаспҳо:
ҳалокат, Ваҳдат, ваҳдат, душанбе, садамаи маргбор, садама, Тоҷикистон
Метро, акс аз бойгонӣ

Як соли пранкери тоҷик дар зиндон: суҳбаташ аз шӯхӣ, ҳабс ва тақдири норӯшан-аксу видео

294
(Таҷдидшуда 14:49 17.01.2021)
Кароматулло Ҷабборов, пранкери тоҷик, ки як сол қабл дар метрои Маскав худро гирифтори коронавирус вонамуд кард, як сол боз бидуни эълони ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳ аст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Марина Литвинович, узви Комиссияи ҷамъиятӣ аз вазъи пранкери тоҷик дар боздоштгоҳ хабар гирифта, ҳоли боздоштшуда ва пораҳое аз суҳбаташро баён дошт. 

Ҷабборов аввали моҳи феврали соли гузашта, замоне, ки нав воҳимаи коронавирус паҳн шуду иттилои кофӣ дар бораи он набуд, дар метрои Маскав сулфиду худро ба фарш партофта буд. Шарикони ин саҳнасозӣ изҳор доштанд, ки ӯ гирифтори коронавирус аст, ки ин боиси тарс ва гурези мусофирон шуд.

"Пранк"-е, ки оқибаташ вой шуд: блогери тоҷикро 7 соли зиндон таҳдид мекунад

Кароматулло Ҷабборов он замон боздошт шуд, аввал зери санади берун нарафтан аз ҷои иқомат раҳояш карданд, аммо баъдан боз ба ҳабс гирифтанд.

Литвинович мегӯяд, акнун барои ин пранк як сол боз дар Бутирка нигоҳдорӣ мешавад, дар ҳоле, ки ҳукми додгоҳ ҳанӯз содир нашудааст.

Узр хост, ки аблаҳӣ карду гуфт 2 зан дорад: тамдиди ҳабси блогери тоҷик дар Маскав-видео

Ҷабборов дар боздоштгоҳ ба Литвинович изҳор дошт, ки кори баде накардааст, касе осеб надид, танҳо хост як навори иҷтимоӣ дар бораи коронавирус ва вокуниши мардум сабт кунад.

“Мо махсусан вагони бе кӯдак ва одамони солхӯрда интихоб кардем, то ба касе осеб нарасонем. Ба касе ҳатто бо ангушт нарасидем. Дар натиҷа аллакай як сол дар боздоштгоҳаму ҳанӯз маълум нест, додгоҳ чанд соли дигар ҳукм мекунад”, - изҳор дошт пранкер.

Ба гуфтаи Литвинович, феълан Кароматулло дар як утоқ бо 22 нафар нигоҳдорӣ  мешавад ва ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.  Замоне, ки пранкер дар ҳабс буд, писараш Макар таваллуд шудаст ва ҳамагӣ як бор ӯро дар додгоҳ дидааст.

“Ман вақте ин наворро мондам, падарам аз Тоҷикистон занг зад. Гуфт наворро гир, маро шарманда накун. Ман гирифтам, аммо аллакай дер шуда буд”, - изҳор доштаст Ҷабборов.

Ӯ афзудааст, ки дар боздоштгоҳ тағйир ёфт, босабр шуд, китобхонӣ бо забони русӣ оғоз кардааст.

“Китоби зиёд хондам, оқилтар шудам, аммо бо вуҷуд барои касе чунин таҷрибаро намехоҳам”, - илова намудаст пранкер.

Ба гуфтаи Литвинович дар назар аст, ки ҳукми додгоҳ нисбати Кароматулло Ҷабборов аввали моҳи феврал эълон карда шавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре аз корбарон то 7 соли зиндонро барои як шӯхӣ, гарчӣ ноҷо ҳам буд, сангин хондаанд. Бархеи дигар худи Кароматулло айбдор кардаанд, ки бо шӯхии ноҷояш мусофиронро ба таҳлука андохт.

294

Маросими видоъ бо Борис Грачевский дар Маскав шурӯъ шуд

116
(Таҷдидшуда 13:51 17.01.2021)
Борис Грачевский рӯзи панҷшанебе дар бемористон дар синни 72 - солагӣ аз маризии сироятии коронавирус ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Маросими видоъ бо раҳбари бадеии "Ералаш" Борис Грачевский дар Маскав дар Хонаи кино оғоз ёфт. Дӯстону ҳамкорон ва мухлисони эҷодиёти Грачевский барои видоъ бо ӯ омаданд, хабар медиҳад РИА Новости.

© Sputnik / Антон Денисов
Прощание с Б. Грачевским

Грачевский рӯзи панҷшанбе дар беморхона дар синни 72-солагӣ бар асари коронавирус даргузашт.

Гуфта мешавад, тобути ӯ дар саҳна бо гулу гулчанбарҳо гузошта шудааст. Дар толор мусиқӣ садо медиҳад, аксҳои Грачевский дар экрани калон намоиш дода мешаванд, дар аксари онҳо ӯ бо дӯстон ва ҳамкоронаш акс гирифтааст.

Борис Грачевский коргардон, сенариянавис, муаллифи ду филм, инчунин офарандаи чанд филми мустанад мебошад.

Пас аз бемории коронавирус иммунитети бадан то кай пойдор мемонад?

Кинохроникаи ҳаҷвии бачагонаи "Ералаш" соли 1974 аз ҷониби Грачевский якҷоя бо драматург Александр Хмелик таъсис дода шудааст. Дар тӯли 10 сол Грачевский директори "Ералаш" буда, аз соли 1984 роҳбари бадеии кинохроника буд.

116
Барчаспҳо:
Маскав, маросими видоъ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Дональд Трамп и президент России Владимир Путин идут

Расонаҳо дурӯғҳои маҳзи Доналд Трампро ошкор карданд

0
(Таҷдидшуда 17:05 17.01.2021)
Масалан, боре президент эълон дошт, ки ба ӯ дар иёлоти Мичиган унвони "Одами сол" - ро додаанд, вале то ҳол ин хабар тасдиқи худро наёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шабакаи телевизионии CNN топ 15 дурӯғгӯиҳои Доналд Трампро дар давраи раҳбариаш нашр кард.

Ҳамин тавр, замони савгандёдкунии президент борон меборид. Ваел пас аз чанд соат сиёсатмадор изҳор дошт, ки то поёни суханронии ӯ ягон борон набуд.

Соли 2019 раисиҷумҳур аз хатаре тӯфони "Дориан" барои иёлати Албама ҳушдор дод. Хадамоти ҳавошиносии ИМА ин хабарро рад кардв онро бепоя хонд, вале президент пас аз чанд рӯз низ бо нашри харитаи хатар суханҳои худро рост бароварданӣ мешуд. Мушовири президент оид ба амният маҷбур буд, ба нафъи ӯ изҳорот кунад.

Бино ба гузориши манбаъ, Трамп боре гуфта буд, ки ӯро дар Мичиган хеле пеш аз раёсати ҷумҳурӣ бо унвони "Шахси сол" сарфароз карданд, аммо то ҳол тасдиқи ин суханон вуҷуд надорад.

Вай инчунин эълон кард, ки раиси Ҷунбиши Миллии Скаутҳо ба ӯ занг зада паёми президентро дар бораи онҳо, "бузургтарин суханронӣ" номидааст. Дар асл, чунин набуд, қайд мекунад CNN.

Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор

Рӯзноманигорон инчунин изҳороти Трампро ба ёд оварданд, ки чӣ гуна ӯ аз пардохти ҷуброн ба ҳунарпешаи порнавӣ барои хомӯшӣ дар бораи алоқаашон, изҳори бехабарӣ кард.

Дар ин рӯйхат, иттиҳомоти бофтаи президент алайҳи рақибони сиёсӣ, аз ҷумла Ҷо Байден ва инчунин изҳорот дар бораи пирӯзии эҳтимолӣ дар интихобот ва вазъи коронавирус низ ҷой дода шудааст.

0
Барчаспҳо:
шабакаи телевизиони CNN, ИМА, Доналд Трамп, дурӯғ, дурӯғ