ВУД: дузде, ки соҳибхонаро корду каланд зада гурехт, боздошт шуд

© Flickr \ Mr Korn FlakesKnife
Knife - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи Тоҷикистон, дуздеро ки соҳибхонаро ба корду каланд зада аз ҷоии ҳодиса гурехт, боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Марде, ки ҳангоми дуздӣ бо соҳибхона рӯ ба рӯ шудаасту, ӯро бо корду каланд зада аз ҷои ҳодиса ғайб зад, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ювелирные изделия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меҳмонҳои дузд: муҳоҷирони тоҷику узбак пули меҳмондорро дуздиданд

Тавре манбаъ қайд намудааст, аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов марди 41-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

“Номбурда, рӯзи 17-уми сентбяри соли 2019, тахминан соатҳои 02:00, бо мақсади дуздӣ ба ҳавлии истиқоматии марди 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов даромада, дар он ҷо бо соҳибхона дарафтода, бо корд як маротиба ба пойи чапи ӯ зада, аз кирдори худ қонеъ нашуда, боз як маротибаи дигар бо каланд ба сараш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, таъкид намудааст манбаъ.

ВУД Тоҷикистон зикр намудааст, ки ҷабрдида зарари миёна ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0