Последствия землетрясения в Пакистане

Заминҷунбии 5.8 балла дар Покистон мунҷар ба ҳалокати 24 нафар гардид

80
(Таҷдидшуда 13:51 25.09.2019)
Бар асари заминларзаи шадиди 5.8 балла дар Покистон, дасти кам 24 нафар ҷони худро аз даст дода, ҳудуди 450 тани дигар маҷрӯҳ гардиданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар шарқи Покистон дар паи заминларзаи ба шиддати 5,8 дараҷа аз рӯи ҷадвали Риҳтер дасти кам 24 нафар ҳалок ва ҳудуди 450 тан маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Мақомот гуфтанд, ки ларзиши замин инчунин дар пойтахти Ҳинди ҳамсоя – Деҳлии нав ҳам эҳсос шуд. Бар асосии Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази зилзила надик ба шаҳри Мирпури минтақаи Кашмири таҳти маъмурияти Покистон будааст.

Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 баллӣ такон дод

Гуфта мешавад, феълан нафарони осебдида, ки бе хонаву дар монданд, бо хайма ва ғизою маводҳои лозима таъмин карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки заминларзаи шадид дар баробари рабудани ҷони 24 покистонӣ, ҳамчунин роҳҳои мошингард ва манзилҳои истиқоматиро низ  вайрону валангор намуд.

Савумин заминларза давоми ҳамагӣ чанд рӯз дар Тоҷикистон

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки алъон вазъият дар кишвар пас аз ин офати табии мӯътадил буда, корҳои имдодрасонӣ ба осебдидагон идома дорад. 

80
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ, Покистон
Бывший президент Франции Николя Саркози

Николя Саркозӣ ба се соли ҳабс маҳкум шуд

142
(Таҷдидшуда 19:38 01.03.2021)
Додгоҳи Порис Николя Саркозиро дар фасод гунаҳкор донист ва кишвардори собиқро ба мӯҳлати се сол маҳкум ба зиндон намуд

ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Додгоҳи Порис президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро дар фасод ва тиҷорати нуфуз гунаҳгор донист ва ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард, ки ду соли он шартан аст.

Худи президенти собиқ ҳамаи иттиҳомотро комилан рад кард ва дар мурофиа ҳам ҳузур надошт. 

Додситонӣ инчунин изҳор дошт, ки Николя Саркозӣ кӯшиш кардааст, ки ба корманди суди кассатсионӣ Гилберт Азиберт ришва диҳад ва аз ӯ дар бораи тафтишоти маблағгузории ғайриқонунии маъракаи президентӣ аз ҷониби духтари бунёдгузори L'Oreal Лилиан Беттанкурт маълумот гирад.

Тахмин зада мешуд, ки тавассути вакили шахсии худ Саркозӣ ваъда додааст, ки ба кормандони суд дар гирифтани мақоми бонуфуз дар Монако кӯмак хоҳад кард.

Ҳамчун, сабтҳоии гуфтугуи телефонии боздоштшудаҳо пешниҳод гардид, ки дар он иштирокчиёни сӯҳбатҳо ҳеҷ гоҳ якдигарро бо номи воқеии худ намегирифтанд ва худи собиқ сарвари кишвар тахаллуси Пол Бисмутро истифода мебурд.

Ташхис муайян кард, ки дар сабтҳои телефонӣ худи Саркозӣ суҳбат кардааст.

Ҳимоятгар изҳор дошт, ки прокуратура барои баровардани хулоса ҳеҷ асосе надорад. Адвокат Жаклин Лаффонт тавзеҳ додааст, ки "ин танҳо як сӯҳбати дӯстона буд".

Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард

Аммо Саркозӣ бар ин назар аст, ки ҳамаи парвандаҳо як навъ интиқом гирифтани додрасҳо аз ӯст, ки замони раисҷумҳур будан ваколатҳои онҳоро маҳдуд мекард.

Зимнан, прокуратураи молиявӣ хоҳиш кард, ки ба ӯ 4 соли зиндон, аз ҷумла ду сол шартӣ дода шавад.

Ба ҳамин минвол, Саркозӣ аввалин президенти собиқи Фаронса мебошад, ки ҳукми воқеии зиндонро гирифт.

Ҳанӯз соли 2011, раҳбари пешини Фаронса Жак Ширак барои ташкили ҷойҳои бардурӯғи кори дар шаҳрдории Порис ба 2 соли ҳабси шартӣ маҳкум шуд.

142
Барчаспҳо:
Николя Саркози, Фаронса
Камнепад перекрыл движения по трассе Душанбе-Худжанд

Ду ҳодисаи нохуш дар Бадахшон: яке худкушӣ карду, дигаре дар сангрезӣ ҷон бохт

113
Як ҳодисаи нохуш дар шаҳри Хоруғ ва дигаре дар ноҳияи Роштқалъи ВМКБ ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ВМКБ аз рух додани ду ҳодисаи нохуш хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи аввал дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи 27 феврал дар соҳили дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ ҷасади шахсияташ номаълум намоён шудааст. Зимнан, кормандони раёсати мазкур ҷасадро фавран аз дарё берун оварда, барои дақиқ шудани асли воқеа онро ба мақомоти дахлдор супурданд.

Муайян шудааст, ки марҳум сокини 57 - солаи шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри мазкур мебошад.

Ҳамчунин як ҳодисаи дигар дар ноҳияи Роштқалъа рух додааст.

Раёсати КҲФ дар вилоят хабар медиҳад, ки рӯзи 28 феврал, соати 16:10 бар асари резиши санг дар деҳаи Видоҷи ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа сокини 52-сола ба ҳалокат расидааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади зани 71 - сола дар Бадахшон идома дорад: бемори рӯҳӣ буд

Бино ба гуфтаи шоҳидон, марҳум дар кӯҳ машғули чорвочаронӣ будааст. Сокинони деҳа ҷасади ӯро аз кӯҳ поин оварда, ба соҳибонаш супурдаанд. Ҷузъиёти бештари марги сокини Роштқалъа ифшо нашудааст.

113
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

427
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

427