Дар Суғд бар асари садамаҳои нақлиётӣ 77 нафар ҷон бохтаанд

© Пресс-служба МЧС РФДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми 8 моҳи охири соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд дасти кам 205 садамаҳои нақлиётӣ рух доданд, ки муҷиб ба ҳалокати 77 нафар шуданд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар вилояти Суғд давоми 15 рӯзи ахири моҳи ҷорӣ аз ҷониби пулиси роҳ наздики 30 ронандаи сархуш боздошт гардидаанд, хабар медиҳад сомонаи SUGDNEWS.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Ваҳдат: ҳалокати ронанда ва бистарӣ гаштани мусофир

Бар хабари манбаъ, дар ҳашт моҳи охири соли равон дар роҳҳои ин вилоят 205 садамаҳои нақлиётӣ рух додаанд, ки бар асари он 77 нафар ҷони худро аз даст дода, 225 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Манбаъ меафзояд, ки омили асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ, ин аз меъёр баланд рондани нақлиёт ва дар ҳолати сархушӣ ҳай кардани мошин ба ҳисоб меравад.

Ҳалокати ду зан дар садамаҳои нақлиётии рӯзҳои ахир

Феълан кормандони БДА дар вилояти Суғд мегӯянд, ки алайҳи 30 ронандае, ки дар ҳолати сархушӣ боздошт гардиданд, протоколи маъмурӣ тартиб дода ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2017 ба баъзе моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.

Садамаи нақлиётӣ дар дохили нақби "Озодӣ" як кушта ва як захмӣ барҷой гузошт

Ҳамакнун тибқи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар сурати боздошти ронанда дар ҳолати мастӣ, ӯро 300 нишондиҳанда барои ҳисоб ва ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 рӯз интизор аст. 

Гузашта аз ин ронанда то панч сол аз ҳаққи рондани воситаи нақлиёт маҳрум мешавад.

Лентаи хабарҳо
0