Подростки

Занозании ду ноболиғ дар Душанбе ба чӣ анҷомид?

333
(Таҷдидшуда 19:01 27.09.2019)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти навраси 16 - сола хабар медиҳад, ки бо олоти оҳанин як ҷавони 18 - соларо маҷрӯҳ намудаст

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодиса рӯзи 25 - уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат рух додаст.

Манбаъ меафзояд, кормандони милитсия ноболиғи 16 - соларо дастгир намуданд, ки зимни муноқиша бо  як навраси дигар, ӯро бо олоти оҳанин сахт маҷрӯҳ намудаст.

Сабти 21,9 ҳазор ҷиноят: қонуншикании калонсолон каму аз ноболиғон зиёд шуд

Зикр мегардад, ки писарбачаи 16- солаи сокини деҳаи Нурофари шаҳри Ваҳдат, хонандаи синфи 11 - уми МТМУ, бо ҷавони 18 - солаи сокини деҳаи Гирдоб ҷангу ҷанҷол намуда, бо олоти оҳанин як маротиба ба қисмати шикамаш задааст.

Оташ маро фаро гирифт: Осия ба модараш аз бераҳмии ноболиғон шикоят кард

ВУД тавзеҳ медиҳад, ки ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Феълан аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

333
Барчаспҳо:
ноболиғон, занозанӣ, Душанбе