Дучарха дар роҳ, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати кӯдаки 1-сола ва наврас дар садамаи нақлиётӣ дар Суғд

143
(Таҷдидшуда 10:05 30.09.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи нақлиётии маргбор тайи рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд хабар дод, ки бо марги кӯдаки 1-сола ва навраси 15-сола анҷомидаанд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 28-уми сентябри соли 2019, мошини “ДЭУ-Дамас”, таҳти идораи Орифов Қаҳрамон, сокини 28-солаи ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Бӯстон-Чанок, дучархарони ноболиғро зер кардааст.

Манбаъ афзуд, ки садама дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов рух дода, дар пайи он дучархарони ноболиғ, Тошев Хуршед, соли таваллудаш 2004, хонандаи синфи 9-ум дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ВУД, садамаи дигари маргбор дар шаҳри Истаравшан рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, Дадобоев Шодибой Ширинович, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Руғунди шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди деҳаи Қалъачаи гули зард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Ҳабибҷони Парвиз, соли таваллудаш 2018, сокини деҳаи Равғангаронро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Ҷасади 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи Рязан фавтиданд ба Ватан интиқол ёфтанд

Дар натиҷа, хурдсол Ҳабибҷони Парвиз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

143