Больница

Ҳалокати ду кӯдак ва бистарӣ шудани 4 тани дигар дар паи заҳролудшавӣ дар Фархор

449
(Таҷдидшуда 15:07 01.10.2019)
Пизишкони Беморхонаи "Шифобахш" вазъи чаҳор нафаре, ки аз истеъмоли гиёҳи заҳрогин, заҳролуд шуданд, мӯътадил арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Бар асари заҳролудшавӣ аз як гиёҳи заҳрогин дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор, ду кӯдак ба ҳалокат расида ва чаҳор нафари дигар дар бемористони "Шифобахш" (собиқ Қарияи Боло)- и шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд.

Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳодисаи нохуш рӯзи 28 - уми сентябр дар натиҷаи истеъмол намудани гиёҳи заҳрогин аз ҷониби 6 кӯдаки аъзои як хонавода дар Фархор рух додаст.

Дар Душанбе 16 нафар пас аз истеъмоли "хот-дог" заҳролуд шуданд

Ба иттилои сарчашма, Азизулло Сафарови шашсола ва Сумайя Сафароваи ҳаштсола бинобар сари вақт интиқол наёфтан ба бемористон ҷони худро аз даст доданд.

Чаҳор ноболиғи дигар фавран тариқи чархбол аз Фархор ба Душанбе ба бемористони "Шифобахш" интиқол дода шуданд.

Пахта, пахта, ҷон пахта... ё чигуна “тиллои сафед” кӯдакони тоҷикро заҳролуд мекард

Зимнан, пизишкон вазъи саломатии Маҳмадулло Сафарови 4 - сола, Сафарова Мадинаи 5 - сола, Сафарова умедаи 5 - сола ва Сафарова Мунираи 3 - сола мӯътадил арзёбӣ карданд ва ҳоло таҳти назорати доимии пизишкон қарор доранд.

Зикр мегардад, ки таркиби заҳри гиёҳ ва хуни ду кӯдаки фавтида барои ташхис ба Душанбе оварда шуд.

449
Барчаспҳо:
кӯдакон, ҳалокат, заҳролудшавӣ, Тоҷикистон
Букет гвоздик в руке, архивное фото

Ли Ҳонг Хи, мудири ширкати ҷаҳонии Samsung даргузашт

10
Соҳибкори бузурги Кореяи Ҷанубӣ, роҳбари консерни Samsung Ли Ҳонг Хи, дар синни 79-солагӣ дар Сеул вафот мекунад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Роҳбари Samsung Ли Ҳонг Хи 25 октябр дар беморхонаи Сеул дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Вориси ин соҳибкор писари ӯ Ли Ҷэ Ён мебошад, ки додситонии Кореяи Ҷанубӣ дар қаллобӣ гумонбар медрнд.

Дар бораи марги соҳибкори маъруф хабаргузории “Ренхап”  хабар додааст.

Сабаби марг мушаххас нашудааст.

Samsung Group соли 1938 аз ҷониби падари Ли Ҳон Хи, Ли Бён Чхол таъсис дода шудааст. Пас аз марги ӯ, корпоратсия ба фарзандонаш мерос монд ва Ли Ҳонг Хи (писари сеюм) роҳбари Шӯрои директорон шуд.

Таҳти роҳбарии ӯ, ширкат аз як истеҳсолкунандаи хурди Корея ба як корпоратсияи бузурги байналмилалӣ табдил ёфт.

Соли 2014 Ли Ҳонг Хи сактаи қалбро аз сар гузаронд, пас аз он, назорати корпоратсия ба писараш ва ноиби президенти ширкати фаръии ин гурӯҳ, Samsung Electronics Ли Ҷэ Янг гузашт, ки боварӣ дорад, ворис аст.

Дар гузориши хабаргузории Кореяи Ҷанубӣ гуфта мешавад, ки додситонӣ Ли Ҷэ Янгро ба ин далел гумонбар мекунад, ки дар ҷараёни ба даст овардани қудрат дар консерн, Ли Ҷэ Янг дар тақаллуби ғайриқонунӣ дар якҷояшавии ширкатҳои корпоратсия бо мақсади ба даст овардани назорат аз болои Samsung Group ширкат кардааст.

10
Генеральный директор Ассоциации Аэропорт Виктор Горбачев

Горбачёв дар бораи омодагии фурудгоҳҳои Тоҷикистон барои барқарории парвозҳо гуфт

116
(Таҷдидшуда 23:48 24.10.2020)
Пас аз кушодани сарҳадҳо, ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳои ИДМ-ро аз сар гирифтан мумкин аст, гуфт директори генералии Ассотсиатсияи "Фурудгоҳ" Виктор Горбачёв

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи азсаргирии парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе ба созиш расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

"Ҳоло муҳим аст, ки парвозҳо ҳадди аққал ба ҳамсоягон ва Русия дубора аз сар гирифта  шаванд, дар он сурат барқарорсозӣ хоҳад шуд",- гуфт Горбачёв ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, авлавияти аввалин кушодани марзҳост. Вақте ки табибон марзро боз мекунанд, он гоҳ муҳокимаи барқарор кардани парвозҳо оғоз мешавад, таъкид кард ӯ.

Ба андешаи ӯ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд дубора парвозҳоро дар тӯли як ҳафта омода кунанд, дар ин давра нуқтаҳои санҷиши иловагӣ кушода мешаванд, вагарна онҳое, ки меоянд, пас аз расидан бояд карантинии дуҳафтаинаро гузаранд.

Ҳама фурудгоҳҳои ИДМ пас аз иҷозаи тиббӣ пас аз як ҳафта омода мешаванд.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Вай инчунин қайд кард, ки ҳамаи фурудгоҳҳои Русия, ки парвозҳо ба хориҷ аз он анҷом дода мешаванд, бо ҳама чизҳои зарурӣ барои ташхисҳои экспресс таъмин мебошанд, ки натиҷаро дар як соат медиҳанд.

116
Барчаспҳо:
фурудгоҳҳо, парвозҳо, Русия, Тоҷикистон

Сипоси Ҳабиб аз падараш баъди пирӯзӣ бар Гетҷи-видео

0
Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз шикаст додани Ҷастин Гетҷи навиштаи аввалро нашр кард

ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори ҳунарҳои муҳорибаи омехтаи Русия Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз шикаст додани варзишкори амрикоӣ Ҷастин Гетҷи ба падари худ ташаккур гуфт.

“Падар ташаккур ба шумо барои ҳама чизҳое, ки дар ин зиндагӣ ба ман омӯхтед, Аллоҳ ба шумо дараҷаи баландтарини биҳиштро ато гардонад",- навиштааст Хабиб дар аккаунти худ.

Навиштаи Нурмуҳаммадов пас аз мағлуб кардани Гетҷи ва пас аз эълони хотимаи корномаи варзишияш буд.

Ёдовар мешавем, шаби гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори амрикоӣ Ҷастин Гетҷиро шикаст дод.

Рақобат ду давр идома карда, размикори доғистонӣ бо усули маъмулияш, буғӣ кардан, ҳарифашро шикас дод.

Пас аз пирӯзӣ ӯ эълон кард, ки ин охирин баромадаш буд. Ӯ гуфт, ба модараш ваъда додааст, ки охирин муҳорибааш аст, ва анҷоми корномаи варзишияшро эълон кард.

0