Ҳабс, акс аз бойгонӣ

Санҷиши идораҳои нотариалии Суғд баъди боздошти 2 нотариус

348
(Таҷдидшуда 17:17 02.10.2019)
Ду корманди идораи асноди расмӣ, ё худ нотариалӣ дар шаҳри Хуҷанд, боздошт гардида, фаъолияти масъулини ин бахш дар Суғд мавриди санҷиш қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Мирзосалим Юсуфов, нотариуси калони давлатӣ дар  шаҳри Хуҷанд ва як корманди дигари ин ниҳод, аз сӯи мақомоти прокуратура боздошт шудаанд.

Дар Раёсати адлияи вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон хабари боздошти ин ду корманди идораи нотариалии шаҳри Хуҷандро тасдиқ карданд, вале аз иттиҳомоти мақомоти додситонӣ алайҳи онҳо изҳори бехабарӣ карданд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, боздошти ин ду корманди идораи асноди расмӣ як моҳ пеш, аз сӯи мақомоти прокуратураи Хуҷанд сурат гирифтааст. Назари худи боздоштшудаҳо низ дар бораи ин қазия маълум нест. 

Иллати боздошти Мирзосалим Юсуфов ва ҳамкораш то ҳол расман шарҳ дода нашудааст, аммо манобеъи огоҳ аз қазияи ин ду корманди идораи нотариус мегӯянд, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, эҳтимол сабаби боздошти ду корманди идораи нотариалӣ шуда бошад.

Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо боздошт шуд

Баъзе аз кормандони идораи асноди расмӣ дар Суғд гуфтанд, ки ба дунболи боздошти ду корманд, мақомот ба санҷиши фаъолияти кормандони ин идора дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  пардохтаанд.

Чанде пеш,  раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни як баромад аз кори корманди идораи асноди расмӣ эрод гирифта таъкид намуд, ки баъзеҳо кормандони ин идораҳои нотариалӣ, барои ҳалли саривақтии кори сокинон, бепарвоӣ зоҳир мекунанд.

348
Барчаспҳо:
Идораи нотариалӣ, боздошт, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон