Боғи фарҳангии ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб

Рашк: Мирзоев дар боғи нав зани ҷавонашро 11 корд зад-видео

2411
(Таҷдидшуда 20:50 10.10.2019)
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Ҷиёнхон Мирзоев ҳамсари 27-солаашро ба боғи навбунёди ба номи Сайдалӣ Вализода даъват карда, бо корд 11 зарба задааст. Ангезаи ин ҷиноят рашк арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Мирзоев, сокини 35-солаи ҷамоати Зарбдори шаҳри Кӯлоб дар заминаи муноқишаи оилавӣ дар боғи фарҳангии ба номи Сайдалӣ Вализода ҳамсараш Иқлимамоҳи Шарифхонро бо корд 11 зарба зада, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.

Мирзоев дар гузориши нашркардаи ВУД, изҳор медорад, ки ҳамсарашро ба боғи нав даъват карда, корд задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки феълан аз ҷониби Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи Мирзоев парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

2411
Барчаспҳо:
корд, ҷиноят, нав, боғ, Тоҷикистон