Человек целится пистолетом, архивное фото

Худкушӣ дар Ишкошим: чаро собиқадори Амонатбонк худро парронд?

1733
(Таҷдидшуда 11:34 11.10.2019)
Ориф Турдиев, собиқадори бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк дар ноҳияи Ишкошим бо истифода аз тири силоҳ худашро паррондааст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, ҳодисаи даст ба худкушӣ задани Ориф Турдиев, собиқ сармуҳосиби бонки давлатии Амонатбонк дар ноҳияи Ишкошим, рӯзи 5-уми сентябр рух додааст.

"Ориф, шанбеи 5-уми сентябр ба бинои Амонатбонк рафта, аз тири силоҳи муҳофизи ин бонк худро паррондааст. Дар натиҷаи хунравии зиёд, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст", - гуфт як манбаъ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон

Иллати даст ба худкушӣ задани ин собиқадори бонки давлатии Тоҷикистон, то ҳол барои аҳли хонаводааш норӯшан будааст.

Пешгирӣ аз ҳодисаи худкушӣ: ҷавони 25- сола хост худро ба рӯди Сурхоб партояд

Аммо онҳое, ки Турдиевро аз наздик мешинохтанд, мегӯянд, ки ин собиқадори Амонатбонк дафъаҳои охир, як каме хаставу роздор ба назар мерасид.

Ориф Турдиев ҳудуди 22 сол дар низоми бонкдорӣ кор карда, то як соли пеш вазифаи сармуҳосиби Амонатбонк дар ноҳияи Ишкошимро ба уҳда доштааст.

Дар ноҳияи Панҷ хонандаи синфи 3 пас аз ҷанҷоли телефонии волидонаш, худкушӣ кардаст

Зимнан мақомоти тафтишотии ноҳияи Ишкошим аз рухдоди ҳодисаи худкушии ин собиқ масъули Амонатбонк парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

1733
Барчаспҳо:
Ишкошим, худкушӣ, Тоҷикистон
Торгово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017

Мусодираи 27 тон гӯшти пастсифат дар Суғд: се соҳибкор барои ҳасиббарорӣ нигоҳ медоштанд

911
(Таҷдидшуда 12:47 14.08.2020)
Дар як сардхона ё амбори нигаҳдории маҳсулот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 тон гӯшти мурғи пастсифат ошкор карда шудааст, ки бо мақсади истифода дар сехҳои ҳасиббарорӣ нигаҳдорӣ мешуд

ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд, ин миқдор бори бесифат ба се соҳибкори сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, бо мақсади коркард дар коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб бе риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ нигаҳдорӣ мешуд.

"Дар доираи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни санҷиши сардхона дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Б. Ғафуров, нигаҳдорӣ шудани 27 тон гӯшти мурғи пастсифат ва бидуни борпечи кафолатдиҳандаи бехатарӣ, ки истеъмолкунанда тавонад оиди сифатнокиии маҳсулот маълумот гирад дарёфт карда шудааст", - гуфт Шарифӣ.

Маҳсулоти гӯштии дарёфтшуда барои муайян кардани сифат ва кафолатнокии бехатарӣ ба мақомоти давлатии назораткунанда Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази стандартизатсия метрология сертификатсия ва нозироти савдо ва ба Маркази ташхиси озуқаворӣ дар вилояти Суғд пешниҳод шудааст, ки дар вақти ташхис мутахассисони ҳар се мақомот маҳсулоти гӯштиро барои истеъмол номутобиқ арзёбӣ кардаанд.

Соҳибкор мехост ба Тоҷикистон 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат ворид намояд

Чанде қабл телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз боздошти ду сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Пӯлотов Азизҷон Ҳасанҷоничи 19 - сола ва Тоҷибоев Абдухолиқ Абдуғаффоровичи 33 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни аз сӯи кормандони Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дода буд, ки барои ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши беш аз 2 тон гӯшти кирмкардашудаи чорво машғул шудаанд.

911
Барчаспҳо:
пастсифат, гӯшт, мусодира, Суғд

Мӯъминободу Обигармро заминларзаи 5 - балла такон дод

220
Дар наздикии навоҳии Мӯъминобод ва Обигарм заминларзаи 5 - балла рух дода буд, ки дар пай талафоти ҷонӣ надошт

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бегоҳи рӯзи 13 - уми август, тахминан соати 18:07 дақиқа  дар Тоҷикистон заминҷунбии 5 - балла рух дод, хабар медиҳад Хадамоти ягонаи геофизикии Академияи илмҳои Русия.

Ба иттилои манбаъ, ларзиши замин дар 102 километрии дуртар аз шаҳри Душанбе эҳсос мешуд.

Гуфта мешавад, макони заминҷунбӣ 43 километр аз Мӯъминобод ва 33 километр аз Обигарм ҷойгир буд.

Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид

Феълан, маълумот дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ рӯи даст нест.

Ёдовар мешавем, заминҷунбии қаблӣ бо шиддати 4,9 балл 5 август дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон рух дода буд.

220
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат

Вахон ном ниҳоданд: ҳимояти Ҳукумат аз тағйири ном дар Ишкошим

0
(Таҷдидшуда 15:02 14.08.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Вахон ном гирифтани яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Ишкошим ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон пешниҳод кардааст, ки номи ҷамоати деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим тағйир дода шавад.

Вакилони ВМКБ ба ҳайси номи нав барои ҷамоати деҳоти Шитхарв - Вахонро пешниҳод кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат аз Вахон ном гирифтани ҷамоати деҳоти Шитхарв ҷонибдорӣ карда, барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод намудаст.

Қаблан Ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помирро, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дод. Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, минбаъд бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ” гирифт.

Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи  6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак”  ном гирифт.

0
Барчаспҳо:
тағйири ном, Ҳукумат, Тоҷикистон