Садама, акс аз бойгонӣ

Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе Чаноқ

642
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садама дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон хабар дод, ки 2 кушта ва 2 маҷруҳ барҷой гузоштааст

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садамаи маргбор 11-уми октябр, тахминан соатҳои 23:45-дақиқа рух дод. Ронандаи “Опел-Астра” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Суфизода Абубакр Корвон, зодаи соли 1992, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур шаҳрвандон - Ҷумъақулов Руслан Ҳуҷақулович, мутавалллиди 1992, сокини шаҳри Панҷакент ва Мардонов Ҳуҷақул Баҳриевич, зодаи соли 1986, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои ВУД, худи ронанда - Суфизода ва мусофири дигараш Ҳоҷиев Хуршед Шарифович,  сокини 27-солаи шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

642
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, роҳ, Душанбе-Чаноқ, Тоҷикистон