Руки задержаного в наручниках, архивное фото

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русия: маводи мухаддир мефурӯхт

260
(Таҷдидшуда 15:59 17.10.2019)
Шаҳрванди Тоҷикистонро дар марзи Русия дар дохили қатора боздошт кардаанд: ӯ ба паҳн кардани маводи мухаддир айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Марзбонони русиягӣ шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дер боз дар пайгард қарор доштааст, дастгир карданд, хабар медиҳад "Астрахань.FM".

Марзбонони вилояти Астрахани Федератсияи Русия ба яке аз мусофирони қатораи "Душанбе-Маскав" аҳамият додаанд.

Дар паи муайян кардани шахсияти шаҳрванди Тоҷикистон, маълум градидааст, ки ин марди 58-сола дар ковтукови байналмилалӣ қарор дорад.

Боздошти кочоқбар: аз Узбакистон ғайриқонуни оби ҷави “Кибрай” ворид мекард

Боздоштшуда дар қочоқи маводи мухаддир айбдор дониста шуда, дар қаламрави Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия дар ковтуков қарор доштааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчунин яке аз айбдоршавандаҳои парвандаи ҷиноӣ дар Узбакистон оид ба қочоқи маводи мухаддир мебошад. Ин парванда аз ҷониби мақомоти қудратии Ҷумҳурии Узбакистон боз шудааст.

Шерхон Салимзода: дар Русия шумораи тоҷикистониёни қочоқбар кам шудааст

Марзбонон айбдоршавандаро ба мақомот пулис супоридаанд.

Марзбонони тоҷик ду афғонро бо маводи мухаддир дастгир карданд

260
Барчаспҳо:
қочоқ, шаҳрванди Тоҷикистон, Русия, Тоҷикистон

Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид ва тавсия ба сокинон: либоси тунук пӯшед, дар сар кулоҳ монед

475
(Таҷдидшуда 18:01 27.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки дар мамлакат рӯзҳои гарм фаро мерасанд. Дамои ҳаво дар тобистони имсол метавонад ҳатто болоатр аз 42 дараҷа бошад

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бино ба итттилои сомонаи расмии Кумита, болоравии ҳарорати ҳаво сабабгори он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳо об шаванд, пиряхҳо низ об шаванд ва ин ҳама сабабгори резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо шавад.

Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо низ дақиқан ба вазъи атроф нигаранд ва аз эҳтиёт кор гиранд. 

Ҳамчунин, Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш намудааст, давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

Кумита ба сокинон ҳамчунин тавсия додааст, ки  ҳавои хонаро муътадил нигоҳ доранд,  аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунанд, либосҳои тунуку сабук пӯшанд, дар сар кулоҳ дошта бошанд, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар.

“Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед”,-гуфтааст кумита.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

 

475
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

ВКД: Ноболиғи 17-сола ҳамсолашро бо се зарби корд кушт

303
(Таҷдидшуда 14:37 27.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон ноболиғи 17 соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия ноҳияи Рӯдакӣ сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкурро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Ба иттилои манбаъ ҳодиса шаби 26-уми майи соли ҷорӣ, шабона тахминан соати 00:17-дақиқа рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда, дар назди манзили истиқоматиашон бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 3 -маротиба ба бадани номбурда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”,-афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб ноболиғи 17 соларо дар, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешуд, дастгир намуданд

303
Барчаспҳо:
қатл, ноболиғ, ВКД, Рӯдакӣ, Тоҷикистон
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2785
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2785
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон