Полицейская машина

Фиребхӯрии сокини Душанбе: ҳам хонаро аз даст дод ва ҳам пули калонро

1127
Қаллоб ба боварии як сокини шаҳри Душанбе даромада, ҳам манзили истиқоматӣ ва ҳам пули калонашро аз они худ намуд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳолати қаллобӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ, марди 29 - солаи сокини шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.

Боздошти қаллобе, ки 59 200 доллари сокинони Ҳисорро гирифта барнагардонд

Номбурда арз намудаст, ки аз моҳи феврал то моҳи марти соли гузашта, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба боварии ӯ даромада, чанд маротиба аз ӯ маблағ гирифта дигар бозпас барнагардондаст.

Ин сокини шаҳри Душанбе маблағи умумии аз даст додаи худро 500 000 сомонӣ арзёбӣ намудааст.

Гузашта аз ин, сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматии ҷабрдидаро низ гирифта ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ кардааст.

Видеои қиморхонаҳои чипдори Душанбе ва мизоҷони хонабардӯши “Инвест Лото”

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати шахси гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

1127
Барчаспҳо:
хона, пул, қаллобӣ, Душанбе