ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сароянда ва ҳунарпешаи амрикоӣ Леди Гага зимни ҳунарнамоӣ дар Лас-Вегас ҳамроҳи мухлисаш аз саҳна сарозер шуд. Навори ин ҳодиса дар шабакаи Twitter нашр шудааст.
Holy shit Lady Gaga just fell right in front of me pic.twitter.com/4AUZNXjiNl
— ash hole (@idkpinecone) 18 октября 2019 г.
Бино ба гузориши нашриёт, ин ҳодисаи аҷиб дар консерт дар Лас-Вегас ба вуқӯъ пайватааст. Азнавор дида мешавад,чигуна Леди Гага ҳангоми рақс бо мухлисаш аз рӯи саҳна сарозер мешавад.
Мухлис Гагаро рӯи даст мегирад ва ҳунарманд пойҳояшро дар миёни ӯ ҳалқа мекунад. Дар ҳамин ҳол мард ба чизе бархӯрда ҳамроҳи сароянда аз рӯи саҳна меафтад.
This saucy moment at a Lady Gaga concert went very wrong when the singer and her fan fell off the stage pic.twitter.com/i6nbdoXgQJ
— NowThis (@nowthisnews) 18 октября 2019 г.
То ҳол номаълум аст, оё дар паи ин ҳодиса ҳунарпеша захмӣ шудааст ё не.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ба нақл аз КҲФ-и Тоҷикистон як сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста ва ду кӯдаки ноболиғаш дар дохили хона мондааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дастаи махсуси зудамали наҷоти КҲФ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар, ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд.
“Лозим омад бо истифода аз нардбон ва дигар таҷҳизот аз тиреза вориди хона шаванд ва дарро аз дарун боз кунанд. Маълум шуд, ки ду кӯдак, ки яке духтарчаи 7-сола ва дигар писарчаи 8-сола дар дохили хона монда буданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
КҲФ-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки кӯдакон солим ба модарашон супурда шуданд ва ба ҳеч ёрии тиббиву равонӣ ниёз надоштанд.
Дар ҳамин ҳол КҲФ зикр кардааст, ки дар зарфи як ҳафтаи охир танҳо дар шаҳри Душанбе ин чорумин ҳолатест, ки модарон саросема аз манзил берун мешаванд ва тифлон дар дохил танҳо мемонанд.
ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Вазорати дохилаи Ироқ ҷузъиёти ду таркиши маргталабонаи зуҳри имрӯз дар маркази Бағдодро мунташир кард, хабар медиҳад Парс тудей бо такя ба ИРНА.
Манбаъ аз қавли Холид Алмуҳанно сухангӯи вазорати умури дохилаи Ироқ дхабар медиҳад, ки аввалин террористи ҳомили камарбанди таркишӣ вонамуд карда, ки бемор аст ва вақте мардум дар атрофаш ҷамъ шуданд,худро мунфаҷир карда аст.
Зимнан, маргталаби дигар низ ба фосилаи андаке вақте мардум барои интиқоли захмиҳо ҷамъ шуданд, камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард.
Бар асари инфиҷор дар бозори марказии Бағдод 28 тан кушта ва 73 нафар захмӣ шуданд.
Инфиҷор дар Кобул 18 куштаю захмӣ барҷой гузошт
Ҳамзамон низ ҳамаи масирҳо ва вурудиҳои мунтаҳӣ ба минтақаи амниятии сабз дар маркази Бағдод, ки дафотири теъдоде аз ниҳодҳои байналмиллалӣ , сафоратхонаҳо ва дастгоҳҳои муҳими ҳукуматӣ дар онҷо қарор дорад, баста шуда аст. Ин минтақа ду километр аз майдони Алтирон фосила дорад.
Ҳанўз ҳеч фард ё гурӯҳе масъулияти ин ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро то кунун бар уҳда нагирифта аст.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино бар қарори раиси шаҳри Душанбе ин ярмаркаҳо бо мақсади бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баргузор хоҳанд шуд.
Дар ин росто, Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе" дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" вазифадор шудаанд, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳо ва ширкати корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳо андешанд.
Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ муваззаф шуданд, барои дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғурфа ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулотҳо ва талаботи санитарию гигиениро бояд Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию ва раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назорат кунанд.
Ҳамчунин тибқи қарори мазкур, Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хизматрасонии ташхиси маҳсулотҳои гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо бояд тариқи ройгон амалӣ намоянд.