Садама, акс аз бойгонӣ

Садама дар Душанбе: ҳалокату ҷароҳати мӯйсафедон аз Лахшу Тошканд

564
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар пайи он марди солхӯрда аз ноҳияи Лахш ба ҳалокат расида, сокини 70-солаи шаҳри Тошканд маҷруҳ шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садама 16-уми октябр тахминан соати 18:10 замоне рух дод, ки ронандаи "Опел-Астра", Низомов Маҳмад, зодаи соли 1955, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст.

Манбаъ афзуд, Низомов ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Мирзобек ба самти кӯчаи Д.Халқҳо, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", таҳти идораи ронанда, Саъдуллоев Аброриддин Самандарович, мутаваллиди соли 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бадалов Абдулмаҷид Худойназарович, сокини 61-солаи ноҳияи Лахш, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид намуд, ки мусофири дигари “Опел” - Қурбонов Маҳмад, зодаи соли 1949, сокини шаҳри Тошканди ҷумҳурии Узбакистон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

564
Барчаспҳо:
ҷароҳат, ҳалокат, садама, Душанбе, Тоҷикистон