Милиционеры в Душанбе, архивное фото

ВКД зани қаллоберо меҷӯяд, ки барои қабули 70 - довталаб 900 ҳазор сомонӣ гирифтаст

1441
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини 38 - солаи кӯчаи 40 - солагии Октябрро мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст, ки дар чандин ҳолати фиребдиҳии одамон гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, зани 38 - сола моҳи июли соли гузашта, аз як сокини кӯчаи Низомӣ Ганҷавӣ мабалғи 844 000 сомонӣ гирифта, бозпас барнагардондаст.

Манбаъ меафзояд, ки номбурда ваъдаи дохил намудани 70 довталабро ба донишкадаву коллеҷҳои Тоҷикистон дода, ин миқдор маблағро бо роҳи фиреб гирифтааст.

Пулшӯии мақомдори Конибодом: беш аз 8 ҳазор доллари мардумро аз худ кард

Зимнан, милитсияи Тоҷикистон аз як ҳолати дигари фиребдиҳии ин зан хабар медиҳад.

Номбурда моҳи декабри соли сипаришуа, дар кӯчаи Аминҷон Шукӯҳии пойтахт аз зани 40 - солаи сокини кӯчаи Испечак барои ривоҷ додани тиҷорати худ 80 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Боздошти қаллобе, ки 59 200 доллари сокинони Ҳисорро гирифта барнагардонд

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

1441
Барчаспҳо:
ҷустуҷӯ, қаллоб, зан, ВКД
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Дархости Рустами Эмомалӣ аз Бонки миллӣ барои дастгирии соҳибкорон

71
 Рустами Эмомал, раиси шаҳри Душанбе аз Бонки миллии кишвар дархост кардааст соҳикоронро дастгирӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намуд.

Ба иттили манбаъ, бо дастури шаҳрдорӣ ҳамчунин қисме аз ҷойҳои ҷамъиятитӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус боз ним моҳи дигар баста хоҳанд монд.

Манбаъ мегӯяд, танаффус дар ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид шуданд.

Гуфта мешавад, сохторҳои дахлдор вазифадор гаштаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Омори нави ошкоршавӣ, табобат ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон як қатор ҷойҳои ҷамъиятӣ муваққатан баста шуда, чорабиниҳои варзишӣ ва оммавӣ боздошта шуда, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо барои мизоҷон баста шуданд.

71
Барчаспҳо:
соҳибкор, Бонки миллии Тоҷикистон, дархост, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото

Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард

432
(Таҷдидшуда 17:32 30.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии ноболиғи 11-сола дар дарёи Сурхоб хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино ба гузориши КҲФ ҷасади Зулайхои 11-сола, ки шаби 27-уми май аз хона баромада бедарак шуда буд, нисфирўзии 29 май дар соҳили дарёи Сурхоб, дар деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор пайдо шуд.

Ин ниҳод мегӯяд, баъди муайян кардани шахсияти ҷасад ўро ба волидонаш супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода нақл мекунад, ки ҳодиса шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00, ки дар ноҳияи Восеъ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ду ғарқшавӣ дар Кофарниҳону Сурхоб: яке худро партофтаву дигаре моҳидорӣ рафтааст

"Боди шадид мевазид ва раъду барқ осмонро гоҳ рушану гоҳ торик мекард. Сокини 11-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия  аз хона баромад ва дигар касе намедонист ӯ куҷо рафтааст. Волидонаш ҳадс мезаданд, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кулоб дар ҳайати 12 нафар ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳия ва сокинони деҳа сафарбар шуда буданд ва ҷустуҷӯи ӯро оғоз карданд.

Ғарқшавии се ноболиғ ва як ҷавондухтари 25 - сола дар Тоҷикистон

Вале ин кофтуков он рўз натиҷа надод. Танҳо дирўз аз сари субҳ кофтуков оғоз гардид ва ҳоло ҷасад ба волидонаш супурда шудааст.

Ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли "Комсомол": ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд

432
Барчаспҳо:
ҷасад, пайдо, ғарқшавӣ, Тоҷикистон
Ноги и футбольный мяч

Футболи Ӯзбекистон 5 июн ба майдон бармегардад

9
Омодагӣ барои тамрину мусобиқаҳо бояд тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена сурат гирад.

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Бозиҳои чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон аз 5 июн оғоз меёбанд, вале бидуни тамошобинон ба хотири чораҳои зидди паҳншавии COVID-19 баргузор мешаванд.

Қарорри мазкурро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қабул кардааст.

Чемпионати футболи Ӯзбекистон рӯзи 16 март, пас аз як рӯзи дарёфти аввалин гирифтори COVID-19 дар ин кишвар, боздошта шуда буд.

"Аз 5 июн иҷозат дода мешавад, ки чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон бидуни тамошобинон идома дода шавад", - омадааст дар шабакаи Телеграммаи Вазорати адлия.

Бошгоҳҳои футболи касбӣ бояд машқҳоро тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар ҷумҳурӣ чораҳои карантиниро то 15 июн тамдид кард. Аммо аз 1 июн дар баъзе аз минтақаҳои санаторияҳо, клубҳои варзишӣ кушода, тӯйҳо ва ҷашнҳо иҷозат дода мешаванд.

Мақомоти Ӯзбекистон сар аз оғози моҳи май дар минтақаҳое, ки шуъи коронавирус дар он паст шуд чораҳои қарантиниро сустар карданд.

Ҳамчунин, сар аз 15 май кори паркҳо, музейҳо ва варзишгоҳҳо дубора барқарор шуданд.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Аз 18 май робитаҳои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва минтақаҳои кишвар барқарор гардид.

Рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 6 миллион ҳодисаи беморӣ ба қайд гирифта шудааст, беш аз 357 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Ӯзбекистон шумораи ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда ба 3 546 расид. 14 бемор фавтида, 2 783 нафар шифо ёфтанд.

9