ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД дар гузориши ахираш сурати як ҷавонзан, наврас ва марди миёнсолро намоиш дода, таъкид намуд, ки ин афрод бо сабабҳои номаълум бедарак гашта, феълан мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
ВУД дар охири гузориши ҳафтаинааш дар феҳрасти бедаракшудаҳо, Савринисои Саидаҳмад, зодаи соли 1992, сокини шаҳри Бохтарро ном бурд. Манбаъ афзуд, ки Савринисо мубталои бемории руҳӣ буда, аз 14 октябри соли равон бедарак мебошад.
Бедаракшудаи дигар наврас Сино Сангов, мутаваллиди соли 2004, сокини ноҳияи Файзобод, мебошад, ки аз 15 октябри соли ҷорӣ сарнавишташ номаълум мебошад.
Мақомот инчунин Фахриддин Назаров, зодаи соли 1955, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисорро меҷӯянд, ки ба гузориши ВУД, номбурда 8 августи соли ҷорӣ аз хона баромада бедарак гаштааст.
ВУД аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки дар сурати пайдо кардани иттилое дар бораи тақдири афроди зикршуда, тариқи рақамҳои 2 21 21 21 ва 227 98 98 ба мақомоти умури дохилии Тоҷикистон хабар диҳанд.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рух додани садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар километри 277 - уми роҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 22 январ рух додааст.
"Ронандаи 46 - солаи автомашинаи "Landcruser", аз шаҳри Хоруғ бо панҷ мусофир самти пойтахт ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садама дучор шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, аз сабаби барфрезӣ ва шамоли сахт ронанда аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба ҷарии 40 метр сарозер шуд.
Дар натиҷа худи ронанда бо ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Тӯйхона мотамхона шуд: мошини домод замони барои арӯс рафтан дучори садама шуд
Гуфта мешавад, мусофирони дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон интиқол доданд. Маълумоти бештар дар мавриди фавтидагону ҷароҳатбардоштагон рӯйи даст нест.
Кумитаи ҳолатҳои фақулода ҳамчунин гуфт, рӯзи гузашта аз сабаби боришоти зиёди барф роҳи Шуғнон - Ишкошими ВМКБ муваққатан масдуд буд.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ахиран гурӯҳи террористии ДОИШ ба таври расмӣ масъулияти ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро бар ӯҳда гирифт, хабар медиҳад сомонаи "Аъмоқ", ки вобаста ба ин гурӯҳ аст.
Манбаъ меафзояд, рӯзи панҷшанбе дар Бағдод яке аз аносири ин гурӯҳ ба номи Абуюсуф ал-Ансорӣ камарбанди инфиҷории худро дар майдони Ал-Тайрони Бағдод мунфаҷир кард ва камарбанди дуввумро низ Муҳаммадориф ал-Муҳоҷир, узви дигари ин гурӯҳи террористӣ ба ҳамин равиш мунфаҷир кардааст.
Ба гуфтаи масъулони ироқӣ ин ду инфиҷор, ки дар бозори пуриздиҳоми майдони Ал-Тайрони Бағдод ба вуқуъ пайваст, 32 куштаву 110 захмӣ барҷой гузоштааст.
Пайёми Оиша аз Бағдод: падару модарамро гум кардам
Ба дунболи ин ду инфиҷори террористӣ, Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ дастури оғози таҳқиқоти фавриро барои равшан шудани иллати он ва пайгарди мағзҳои террористӣ, ки убури террористҳо ва фаъолияти онҳоро осон карданд, содир кард.
Ин ду инфиҷор бо маҳкумияти шадиди кишварҳову созмонҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шуд.
ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.
Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.
Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.
Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.
Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор
Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.
Ёдовар мешавем, Асроров ахири соли гузашта варзишкори украинӣ Данило Савченко ва қабл аз он Ержан Залилов, муштзани қазоқ, бо лақаби “Ракета”-ро шикаст дод.
Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.