Сгоревшая машина

Ҳалокати се узви як хонавода: шаҳрванди Тоҷикистон танҳо як нафарро аз оташ берун кард

381
(Таҷдидшуда 00:37 29.10.2019)
Аснои ба ҳар бархӯрдани ду худрави сабук оташсӯзии шадид рух дод, ки боиси ҳалокати чанд нафар гардид. Аз ин ҳодисаи мудҳиш танҳо як кӯдак ҷон ба саломат бурд, ки ӯро шаҳрванди Тоҷикистоннаҷот дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Авохири ҳафтаи гузашта дар шоҳроҳи Чебаркул- Мисяш садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод.

Аснои ба ҳам бархӯрдани ду нақлиёти сабукрав, оташсӯзии шадид рух дод, ки дар натиҷа се узви як хонавода: волидон бо як фарзанди худ сӯхта ҷон бохтанд, ва танҳо як фарзанди 11 - солаи онҳоро шаҳрванди Тоҷикистон тавонист наҷот диҳад.

Нашрияи "Южноуралес" аз қаҳрамонии ин шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки Усмон Маҳмудов шаҳрванди 23 - солаи Тоҷикистон мебошад.

Тоҷики баинсоф: муҳоҷир миллион рублро ёфту ба соҳибаш баргардонд- навор

Номбурда дар ин  синну соли ҷавони худ аллакай  фармондеҳи яке аз взводҳои танкии дивизияи Чебаркул мебошад. 

Манбаъ меафзояд, ки Маҳмудов дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ шоҳиди оташ гирифтани ду худрав гардида, зуд ба кӯмаки мусофирони дар дохил рустмонда шитофт, вале ба ӯ муяссар гардид, танҳо кӯдаки 11 - соларо берун орад.

Алангаи оташ дар як муддати кӯтоҳ тамоми мошинро фаро гирифтаст ва дигар имкони наҷот додани ҳеҷ як аз мусофирон ғайриимкон буд.

Дар Краснодари Русия “лавҳаи сипос” ба сохтмончиёни тоҷик пайдо шуд

Зимнан маълум гардид, ки се мусофире, ки дар оташсӯзии мошин ҷон аз даст доданд, волидон ва бародари ин наврас будаанд.

Манбаъ меафзояд, шаҳрванди Тоҷикистон барои нишон додани чурнин қаҳрамонӣ ҳатман мукофотонида мешавад.

381
Барчаспҳо:
наҷот, Тоҷикистон, шаҳрванд, оташ, мошин, садама