Взятка, архивное фото

Боздошти додраси ноҳияи Сино: барои ҳалли баҳси шаҳрвандӣ 4000 доллар талаб намуд

594
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти додраси Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт хабар медиҳад, ки ҳинни гирифтани ришва ба даст афтодаст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии мубориза бо фасод, додраси Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои гирифтани ришва гумонбар дониста мешавад.

Манбаъ меафзояд, сокини пойтахт ба агентии мазкур аз болои додраси ноҳияи Сино бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудаст.

Парвандаи шаҳвонӣ: боздошти Ҳамроев ва Убайдов барои талаби 10 ҳазор доллар пора

Ба иддаои ин сокини пойтахт,  Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ барои ба манфиати ӯ ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба манзили истиқоматӣ, моҳи марти соли 2019, маблағи  2000 доллар талаб намуда,  гирифт.

Зимнан ин додрас боз аз ӯ овардани 2000 доллари дигарро талаб намудаст.

Манбаъ меафзояд, ки пас аз ворид шудани аризаи шикоятӣ аз ҷониби сокини пойтахт, нисбати Раҳмонализода бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ҳинни гирифтани гирифтани 2000 доллари дигар аз ҷониби кормандони Агентии фасод дастгир гардид.

Боздошти корманди ВУД Тоҷикистон: 30 ҳазор доллар танҳо барои як парванда

Агентии фасод мегӯяд, айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳмонализода идома дорад.

594
Барчаспҳо:
додрас, ришва, боздошт, Сино