ДТП, архивное фото

Ҳалокати се нафар дар садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ давоми як шабонарӯз

209
(Таҷдидшуда 15:20 29.10.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз се садамаи маргборӣ нақлиётӣ хабар медиҳад, ки ҷони се нафар аз шаҳрвандонро рабуд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 27- уми октябри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи "ДЭУ-Сиелло", Муҳиддинов Комрони 28 - сола, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба оҳани байни роҳ, ки роҳро ба ду қисм ҷудо мекунад, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Шарифова Идимоҳ, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин ВУД Тоҷикистон аз як садамаи дигари маргбор хабар медиҳад, ки  дар роҳи мошингузари Душанбе - Бохтар рух додаст.

Садамаи пурқурбонӣ дар Данғара дар рӯзи якшанбе

Рӯзи 27-уми октябри соли 2019, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "БМВ Х-5", Саидзода Уруни 39 - сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутунҳои муҳофизатии шоҳроҳ бархӯрдааст.

Садамаи мудҳиш дар Душанбе: ронандаи ноболиғ ҳамсолашро кушт ва се ҷавонро бистарӣ кард

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Гурезов Меҳрубони 25  - сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


Ҳамчунин, рӯзи 27-уми октябр, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Дустов Носир, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди дашти Хушекати ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Халифаева Меҳрубони 42 - сола, сокини деҳаи Хушекатро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Халифаева  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.

209
Барчаспҳо:
шабонарӯзӣ, ҳалокат, мошин, садама
Запись на листе бумаге, архивное фото

Худкушии мудири кӯдакистон дар Ӯзбекистон - сабабҳо маълум шуд

154
(Таҷдидшуда 13:22 12.07.2020)
Пас аз ин ҳодиса барои муайян кардани сабабҳои худкушӣ комиссияи вижа ташкил шуд. Бино ба хулосаи прокуратураи ноҳияи Баликчӣ марҳум ба сабаби мушкилот дар кор ва вазъи саломатияш даст ба худкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Хабарҳои нохуш аз вилояти Андиҷони Ӯзбекистон. Мудири боғчаи баччагонаи рақами 11 - и ноҳияи Баликчӣ худкушӣ кард. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ хабар медиҳад.

Дар хулосаи судӣ ва санҷиши равонӣ омадааст, ки "вазъи номусоиди марҳум дар паи низоъҳои эҳсосотии ботинӣ бархоста, ӯро ба чунин кор овардааст".

Ин ниҳод қайд карда, ки вақтҳои охир дар шӯъбаи маорифи ноҳия, ки кӯдакистони рақами 11 ба он мутааллиқ будааст, мушкилоти зиёд сар задааст. Аз ҷумла нақзи қавонини ҷиддӣ дар бахши хоҷагидорӣ ва молиявии кӯдакистон ошкор шудаанд.

Натиҷаҳои санҷиш дар моҳи майи соли равон муайян кардааст, ки роҳбари шӯъбаи таҳсилоти томактабии ноҳияи Баликчӣ нисбати ӯҳдадорҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир кардааст. Маълум шуда, ки директори сохтмонии ширкати "Милано курилиш", ки таъмири кӯдакистонеро, ки Ш. Худжакулова, роҳбарӣ мекард, бар ӯҳда доштааст, тавассути ҳуҷҷатгузории қалбакӣ маблағро аз худ кардааст. Корҳои таъмирӣ бесифат анҷом дода шуда буданду додгоҳи ноҳиявӣ нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ҳамчунин дар фаъолияти раҳбарӣ ва интизомӣ низ дар ин муассисаи томактабӣ нуқсонҳои зиёд дида шуда, ба вокуниши нохубе аз ҷониби аҳолӣ дучор шудааст. Ҳамин тавр, моҳи июни соли равон мудири кӯдакистон аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Тибқи таҳлилҳои комиссия ҳамаи ин омилҳо ба саломатии рӯҳию равонии мудири муассиса таъсир карданд ва ӯ ба хушкушӣ даст зад. Пизишкон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ нисбати даргузашти мудир ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори ҳамдардӣ мекунад.

154
Барчаспҳо:
боғчаи бачагон, мудир, сабаб, худкушӣ, Ӯзбекистон
Пляжный зонт

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

512
(Таҷдидшуда 17:20 11.07.2020)
Ин ҳодиса дар яке аз пляжҳои Миср рух додааст. Ба далели зиёд сар задани чунин ҳодисаҳо, сокинон онр "пляжи марг" ном гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Ёздаҳ нафар дар пляжи Александрияи Миср ғарқ шуданд, хабар медиҳад Akhbar el-Youm.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, ғарқшавии 11 нафар дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дар доираи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус пляжро баста буданд ва аз сокинон дархост намуданд, ки дар ин манотиқ дигар ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳодиса соати 05:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Сокинон ба хотири ба дасти кормандони пулис науфтодан, субҳи барвақт ба пляж рафтанд.

"Даҳ нафар ба ҳангоми наҷот додани як кӯдак аз ғарқшавӣ худ зери об рафтанд. Наҷотбахшон танҳо ҷасади 6 нафарро берун оварданд. Корҳои кофтукобӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар Миср сар аз моҳи март, аз замони авҷ гирифтани маризии коронавирус ҳамаи пляжҳо баста шудаанд ва кормандони пулис ҳамарӯза аз ҳузури одамон назорат мебаранд.

512
Барчаспҳо:
Миср, ғарқ, кӯдак
Доналд Трамп бо ниқоб

Трамп нахустин бор дар замони COVID - 19 ниқоб пӯшид

0
(Таҷдидшуда 15:58 12.07.2020)
Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп зимни боздид аз маркази ҳарбӣ-тандурустӣ ниқоби тиббӣ пӯшид. Аз як тарафи ниқоб муҳри тиллоии президентӣ дарҷ гардидааст

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп нахустин бор дар ҷои умумӣ бо ниқоби тиббӣ пайдо шуд, хабар медиҳад нашриёти СBC.

Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп зимни боздид аз шифохонаи ба номи Walter Reed дар наздикии Вашингтон ниқоби тиббӣ пӯшид. Раисиҷумҳур бо низомиёни захмишуда ва пизишконе, ки парастории беморони корононавирусро бар ӯҳда доранд, дидору мулоқот кард.

Трамп ниқоби рангаш кабуди баланд пӯшидааст. Аз як тарафи ниқоб муҳри тиллоии президентӣ дарҷ гардидааст. Қайд мешавад, ҳайтае, ки президентро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, низ ниқоб пӯшида буданд.

Амрикоиҳо Трампро раисҷумҳури заиф донистанд

"Ман фикр мекунам ин кори хуб аст - пӯшидани ниқоб. Ман ҳеҷ гоҳ мухолифи пӯшидани ниқоб набудам, вале ҳамаи чиз макон ва замони худро дорад". - гуфт Трамп дар суҳбат бо рӯзноманигорон Доналд Трамп.

То ин дам Доналд Трамп дар ҷое ҳам бо ниқоби тиббӣ пайдо нашуда буд, аммо гуфта буд, ки мумкин ниқоб ба ӯ зебанда бошад.

Бар пояи омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то имрӯз беш аз 3 миллиону 240 ҳазор кас ба коронавируси нав мубтало шудаанд.

0
Барчаспҳо:
ниқоби сиёҳ, ИМА, Доналд Трамп
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон