Фельдшер станции скорой медицинской помощи

Фоҷиа: ҳалокати имомхатиби тоҷик ва ҳамсараш дар садамаи мудҳиш дар вилояти Ивановск

444
(Таҷдидшуда 21:16 29.10.2019)
Зодаи Тоҷикистон Дилшод Комилов, имомхатиби Илинское-Хованское, ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба садамаи мудҳиш дучор шуд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар паи садамаи мудҳиш имомхатиб Дилшод Комилов ва ҳамсараш ҷон бохтанд.

Бино ба гузориши IVDAY.RU ҳодиса дар ноҳияи Илински Русия ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки дар паи садамаи мудҳиш имомхатиби Илинское-Хованское, зодаи Тоҷикистон Дилшод Комилов ва ҳамсараш ҷон бохтанд. 

Муайян шудааст, ки Дилшод Комилови марҳум, дар Ватани таърихияш - Тоҷикистон соҳиби маълумоти динӣ шудааст.

Дар вилояти Ивановск, ӯ дарси Қуръон ва забони арабӣ ба роҳ монда, дар масҷиди маҳаллӣ ба корҳои табриявӣ машғул будааст.

Фарзандони имомхатиб духтарчаи панҷмоҳа ва писари 16-сола айни замон дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки кӯдаки панҷмоҳа дар шӯъбаи эҳё қарор дорад.

444