Машина скорой помощи. Пакистан

Ҳалокати 60 нафар бар асари оташсӯзӣ дар Покистон

51
Феълан шахсияти танҳо нисфи қурбониён маълум гардидаст. Дар баъзе аз ҳалокшудагон сӯхтаҳо чунон шадиданд, ки муайян кардани ҳувияти онҳо имконнопазир аст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik.  Дар Покистон бар асари сар задани оташсӯзӣ дар қатори роҳи оҳан, дасти кам 62 нафар ҷони худро аз даст дода, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, хабар медиҳад РИА Новости  истинодан бар хабари шабакаи Geo TV.

Бар хабари манбаъ, қатора аз шаҳри Қарочӣ самти Равалпинде ҳаракат дошт. Бар тибқи маълумотҳо ахир, омили сар задани сӯхтор, таркиши балони газ будааст,  ки барои омода намудани хӯрок истифода мекарданд.

Заминҷунбии 5.8 балла дар Покистон мунҷар ба ҳалокати 24 нафар гардид

Гуфта мешавад, сӯхтор дар як муддати кӯтоҳ се вагони қаторро фаро гирифта, ҳамаро сӯхта хокистар намуд.

Манбаъ аз қавли вазири роҳи оҳани Покистон Шайх Рашид хабар медиҳад, ки аксари қурбониёнро нафароне ташкил медиҳад, ки аснои сӯхтор худро аз қатор ба берун ҳаво доданд. Вазир гуфтааст, ки давоми чанд соати баъдӣ, ҳаракати қатор тариқи роҳ оҳан барқарор мешавад.

Сӯхтори шадид дар кони нафт дар Қазоқистон

Зимнан,  пизишкон мегӯянд, ки то ҳол танҳо шахсияти як қисмати қурбониён муайян гардиданд, зеро дар аксари ҳалокшудагон сӯхтаҳо чунон шадиданд, ки муайян кардани ҳувияти  онҳо имконнопазир аст.

51
Барчаспҳо:
оташсӯзӣ, ҳалокат, Покистон
Скорая помощь, архивное фото

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ: ронанда фавтиду мусофирон ҷароҳат бардоштанд

923
(Таҷдидшуда 15:35 26.02.2021)
Ронандаи 27 - сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони ӯ ба бемористон интиқол ёфтанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ як нафар ҳалок ва дуи дигар сахт ҷароҳатдор шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, садама рӯзи 24, тахминан соати 20:30 дақиқа дар киломметри 269 -200 - и шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Бектошов Умари 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи худрави худ набаромадаст.

Зимнан, номбурда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", таҳти идораи Абдуғаниев Абдурауфи 29 - сола бархӯрдааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа, Бектошов ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс" ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт

Инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи мазкур Бектошова Назираи 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд ва Раҳимов Машраби 24 - сола, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ меафзояд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

923
Барчаспҳо:
роҳ, мошин, садама
Река Душанбинка. Архивное фото

Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт

859
(Таҷдидшуда 12:35 26.02.2021)
Ҷавондухтар ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.

Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуд ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.

859
Барчаспҳо:
наҷот, духтар, худкушӣ, Душанбе

Норозигии мухлисон баъди эълони шикасти Ғаффоров ва ваъдаи президенти "Ахмат" - видео

0
(Таҷдидшуда 15:19 27.02.2021)
Дар зӯрозмоии Absolute Championship Akhmat (ACA) 118 дар Маскав дар пайи сабқати Азам Ғаффоров, размикори тоҷик ва рақиби бразилиягияш Чарз Энрике моҷаро бархест

Доварони сабқат пирӯзиро ба размикори бразилиягӣ доданд, ки ин боиси норозигии мухлисони  Азам Ғаффоров шуд.

Нахуст низомиёни “Росгвардия” талош карданд, норозиёнро ором созанд ва сипас ба назди онҳо Абузайд Висмурадов, президенти бошгоҳи “Ахмат” омад. Ӯ ваъда дод, ки қазияро ҳал мекунанд.

Худи Азам Ғаффоров дар пайи сабқат дар суҳбат бо хабарнигорон аз тасмими доварон изҳори норозигӣ кард. Ӯ бо ишора ба рақибаш, ки ба зӯр аз майдон берун омада ҳаракат мекард, изҳор дошт, ки ин ҷо маълум буд, кӣ пирӯз гардид.

Ғаффоров таъкид кард, ки худро пирӯзи ин сабқат медонаду омода буд даври дигар ҳам зӯрозмоӣ кунад.

Феълан Ғаффорови 27-сола 11 пирӯзӣ ва ду бохт дорад.  Ҳар ду шикаст ҳам бо қарори доварон дода шудааст.

0
Барчаспҳо:
сабқат, мухлисон, Тоҷикистон