Девушка в наручниках, архивное фото

Боздошти зани қаллоб: беш аз 80 ҳазор маблағи сокинони пойтахтро аз худ кард

209
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 26 - сола хабар медиҳад, ки ба гумони қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия сокини 26 - солаи ноҳияи Синоро дастгир намуданд, ки ба мардумфиребӣ муттаҳам дониста мешавад.

Манбаъ меафзояд, номбурда моҳи августи соли ҷорӣ, аз ду сокини 26 ва 34 - солаи пойтахт барои пардохт намудани маблағи қарзии Ширкати қаннодии ҶДММ "Таджеро" 49 ҳазору 100 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Беш аз 1 миллион сомониро гирифту намедиҳад: шикоятҳо аз сокини 43-солаи Ҳисор

Гузашта аз ин, номбурда дар фиреб додани як зани дигар низ гумонбар дониста мешавад.

"Рӯзи 18 - уми июли соли равон аз сокини 38 - солаи пойтахт,  барои фурӯш аз ӯ ба маблағи 37 ҳазору 179 сомонӣ маҳсулоти қаннодӣ гирифта, маҳсулотро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардондааст", омадааст дар хабари манбаъ.

Фиребхӯрии сокини Душанбе: ҳам хонаро аз даст дод ва ҳам пули калонро

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ки дар қиболи ин зан Додситонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 247 қисми 3 ва 245 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда, тафтишот идома дорад.

209
Барчаспҳо:
пойтахт, сокинон, маблағ, қаллоб, боздошт