Колодец, архивное фото

Ҳалокати зани кӯчарӯб дар Душанбе

459
(Таҷдидшуда 15:02 31.10.2019)
Марҳум Каримова Нигора ном дошта, аснои рӯфтани роҳ ба даруни чоҳи интиқоли оби гарм автида, ба ҳалокат расидаст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Субҳи имрӯз, тақрибан соати 4 - саҳар, як зани роҳрӯб аснои сарозер шудан ба чоҳи интиқоли оби гарм, ҷон бохтаст.

Бар хабари сомонаи "Фараж", ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи 33 - юми ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додаст. Эҳтимол ин сокини 32 - сола, ба ҳангоми рӯфтани роҳҳо чоҳи интиқоли оби гармро надида, ба даруни он сарозер шуд. 

КҲФ чӯпони 41 - солаеро дар Ваҳдат наҷот доданд, ки ба ҷарӣ сарозер шуд

Хабари ба чоҳ сарозер шудани кӯчарӯбро, Шӯъба умури дохилии ноҳияи Сино низ тасдиқ намудаст.

"Ба мо аз Маркази миллии тиббии "Шифобахш" (Қарияи Боло) занг зада, хабар доданд, ки субҳ зан аз беэҳтиётӣ ҳангоми рӯфтани роҳ ба ҷуқурӣ афтода, ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабари манбаъ.

Маврид ба зикр аст,  маконе, ки дар он зани кӯчарӯб сарозер шуда буд, корҳои сохтмонӣ ва ҳамчунин иваз кардани қубурҳо ҷараён дорад.

Леди Гага дар оғӯши мухлисаш аз саҳна сарозер шуд- видео

Манбаъ меафзояд, зоҳиран сарпӯши ин чоҳ пӯшида набудааст, ки зан ба он афтодааст.

459
Барчаспҳо:
ҳалок, кӯчарӯбӣ, Душанбе

Ҳушдори муовини вазири беҳдошти Афғонистон аз афзоиши гирифторони коронавирус

17
(Таҷдидшуда 14:00 31.05.2020)
Ваҳиди Маҷруҳ, муовини вазири беҳдошти Афғонистон дар бораи паёмадҳои густариши коронавирус ба мардуми ин кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 31  май — Sputnik. Ваҳиди Маҷруҳ рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки агар мардум дар мубориза бо бемории КОВИД-19 бо ин вазоратхона ҳамкорӣ накунанд, Афғонистон ба мусибати бузург гирифтор хоҳад шуд, навиштааст хабаргузории "Парстудей".

Манбаъ аз қавли ин мақоми Вазорати беҳдошти Афғонистон илова намуд, ки мутаассифона доманаи коронавирус дар ин кишвар дар ҳоли густариш аст ва танҳо роҳи муқобила бо он, истифода аз ниқоби тиббӣ, ҳифзи фосилагирии иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҳузур дар маконҳои серодам ва шустани дастҳо аст.

Бар асоси Вазорати беҳдошти Афғонистон то кунун 13 ҳазору 660 нафар дар ин кишвар ба коронавирус гирифтор ва 246 нафар низ фавт шудаанд.

Дар ҷаҳон низ то кунун ҳудуди шаш миллиону 200 ҳазор нафар ба бемории КОВИД-19 мубтало шуда ва 380 ҳазор нафар низ ҷон бохтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико(1 805 745 нафар), Бразилия (498 440), Русия (396 575), Испания (239 228), Британияи Кабир (272 826), Италия (232 264), Олмон (183 234), Ҳиндустон (182 143) ва Туркия (163 103) Перу (155 671) дохил мешаванд.

17
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, беҳдошт, вазир, Афғонистон
Город Медина в Саудовской Аравии, архивное фото

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

89
Субҳи имрӯз дари беш аз 90 ҳазор масоҷид пас аз танаффуси тӯлонӣ ба рӯйи намозгузорон дар Арабистони Саудӣ боз шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Зиёда аз 90 ҳазо масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо дар саросари Арабистони Саудӣ пас аз тавақуфи тӯлонӣ дар пайи паҳншавии коронавирус бомдоди имрӯз боз шуданд.

Дар бораи имрӯз кушодашавии ин рақам масоҷид Вазорати корҳои исломии Саудӣ дар сафҳаи Твиттерияш хабар дода буд.

"Омодагиҳои ниҳоӣ пеш аз оғози боз шудани беш аз 90 ҳазор масҷид ва ибодатхонаҳо  дар тамоми Арабистони Саудӣ барои намози бомдоди якшанбе идома доранд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Вазорат ҳузури одамони пиронсол ва кӯдаконро ҳангоми намозҳо номатлуб номидааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, аз намозгузорон даъват шудааст ба намоз танҳо бо ниқоб омада, инчунин масофаи ду метрро нигоҳ доранд, ки барои ин дар қолинҳои масҷид аломатҳои махсус гузошта шудаанд.

 Ба иттилои манбаъ,  масҷидҳоро танҳо 20 дақиқа пеш аз оғози намоз боз мекунанд ва пас аз 20 дақиқаи адои намоз баста мешаванд.

Бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Арабистони  Саудӣ ба 83 384 нафар мерасад. Ҳамзамон аз ин беморӣ 58 883 нафар шифо ёфтаву 4 80 тани дигар фавтидаанд.

89
Барчаспҳо:
намоз, масоҷид, Арабистони Саудӣ
Абдуваҳҳоб Искандаров, собиқ сардори милиса дар Кӯлоб ва ВМКБ

Даргузашти боз як генерал - собиқ сардори милисаи Кӯлобу Бадахшон баъди бародараш

0
(Таҷдидшуда 14:36 31.05.2020)
Абдулваҳҳоб Искандарзода, собиқ сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даргузашт. Ин дуюмин мусибат дар хонаводаи Искандарзодаҳо тайи ду ҳафтаи охир мебошад

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Як манбаъ дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум шаби гузашта дар манзили худ ҷон ба фонофарин таслим кардааст.

“Он кас ҳудуди як моҳ ба ин сӯ таҳти назорати табибон буданд. Як муддат дар шифохона ва сипас манзилашон табобат гирифтанд. Аммо дар бораи маризиашон маълумоте надорем”, - гуфт ин манбаъ.

Абдулваҳҳоб Искандарзода узви дуюми хонаводаашон аст, ки тайи як моҳи ахир вафот кардааст. Ду ҳафтаи қабл бародари ӯ Абдусалом Искандарзода, собиқ сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар гуруҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб фавтида буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Искандарзода Абдулваҳҳоб Мансур 25 ноябри соли 1957 таваллуд ёфта, хизмати аскариро дар Ҷумҳурии демократики Афғонистон дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо кардааст ва бо нишонҳои президуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ “Ҷанговари интернатсионалисти Иттиҳоди Шӯравӣ” ва президенти Афғонистон қадрдонӣ шудааст.

 Бино ба ин манбаъ, аз 22 майи соли 1984 дар сафи милиса ба фаъолият оғоз намудааст.

“Дар раёсати шӯъбаҳои милисаи собиқ вилояти Кӯлоб дар вазифаҳои нозири шуъбаи кадрҳо Раёсати корҳои дохилӣ (РКД), нозири калони РКД, ёвари сардор ва сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РКД, сардори РКД, сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва сардори бахши минтақаӣ кор кардааст. Як замон муовини сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар гуруҳи навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сипас муовини сардори Раёсати ВКД дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст”, - омадааст дар баёни ҳасби ҳоли ӯ.

Абдулваҳҳоб Искандарзода 20 январи соли 2016 сардори РВКД дар Вилояти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Рӯзи 25 августи соли 2017 аз сӯи президенти Тоҷикистон ба ӯ рутбаи генерал-майори милиса дода шуд.

Сипас 12 декабри соли 2017 аз вазифаи сардори РВКД дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабукдӯш ва баъдтар муовини сардори сардори РВКД дар вилояти Хатлон таъин шуд.

 “Ӯ чанд моҳи қабл ба нафақа рафт ва зиндагии мулкиро аз сар гирифт. Ӯ дар хотираҳои мо ҳамчун як ҳамкори меҳрубон ва низомии ҳирфаиву ватандӯст боқӣ хоҳад монд”, - гуфтанд дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон.

Дар ҳамин ҳол, Абдулваҳҳоб Искандарзода танҳо генерал – майоре нест, ки тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон олами фониро тарк кардааст. Қаблан Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ, Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон низ дар айни бознишастагӣ ба даъвати ҳақ пайвастанд.

0