Наркотики, архивное фото

Шаҳрванди 21 солаи Тоҷикистон барои қасди интиқоли героин 8 сол равонаи зиндон шуд

224
(Таҷдидшуда 17:38 31.10.2019)
Тоҷикистонии 21 - сола барои интиқоли маводи мухаддир аз Маскав ба вилояти Саратов, ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардид

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Кормандони пулиси Саратов дар ноҳияи Фрунзенский, шаҳрванди 21 - солаи Тоҷикистонро дастгир намуданд, ки қасд дошт маводи сахттаъсири героинро дар ин вилоят ба фурӯш гузорад.

Бар хабари сомонаи Версия- Саратов, номбурда ҳанӯз дар шаҳри Маскав бо як шарикаш барои интиқол додани маводи мухаддир ба Саратов маслиҳат намудаст.

Героин дар меъда: нашъаҷаллоби масири Хуҷанд – Новосибирск худаш таслим шуд

Зимнан, тоҷикистонӣ тариқи интернет аз шарики худ ҷойи маҳфузшудаи маводи мухаддир дар яке аз вилоятҳои Маскавро гирифта, онро хост ба Саратов интиқол диҳад.

Вале дар вилояти Саратов аснои пинҳон кардани  маводи мухаддир ба доми кормандони пулис афтид.

Манбаъ меафзояд, ки замони боздошти шаҳрванди Тоҷикистон аз ӯ 334 грамм маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд.

Шаҳрванди Тоҷикистон хост 12 кило маводи мухаддирро ба Қазоқистон таҳвил диҳад

Барои содир намудани чунини ҷиноят,  қонунгузории Русия барои аз 10 то 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Вале Додгоҳи вилояти Саратов, тоҷикистониро ба мӯҳлати 8 сол равонаи зиндони низомаш шадид намуд.

224
Барчаспҳо:
зиндон, маводи мухаддир, боздошт, тоҷикистонӣ