Арест, архивное фото

Дар Душанбе нисбати ду шаҳрванди Черногория барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

358
(Таҷдидшуда 14:29 04.11.2019)
Додситонии шаҳри Душанбе нисбати ду шаҳрванди Черногория, ки дар қаллобӣ ва расонидани зарар ба беш аз 4 миллиону 700 ҳазор сомонӣ айбдор мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати куорҳои дохилаи Тоҷикистон, нисбати ду шаҳрванди Черногория, ки дар Тоҷикистон даст ба қаллобӣ задаанд, Додситонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин ду шаҳрванди Черногория бозиҳо бо бурди пулӣ ташкил намуда, ба ҷабрдидагон 4 792 059  сомонӣ зарар расонидаанд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ахиран ба ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе се сокни пойтахт муроҷиат намудаанд, ки моҳи сентябри соли равон шаҳрвандони Черногория, мардони 55 ва 59-сола, дар кӯчаи Бухоро назди бинои автоматҳои бозии “Бинго-37” ҶДММ “Инвест Лото”, бозиҳо бо бурди пулӣ ташкил намуда, ба ҷабрдидагон 4 792 059 сомонӣ зарар расонидаанд. 

“Нисбати гумонбаршудагон шаҳрвандони Черногория аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 ва 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда”, - таъкид намудааст ВКД Тоҷикистон

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

358
Барчаспҳо:
парвандаи ҷиноӣ, зарар, қаллоб, шаҳрванд, Душанбе
Свеча

Бобои Файз муаллифи таронаи машҳури "Очата бугу" даргузашт

91
(Таҷдидшуда 10:53 25.05.2020)
Файзӣ Сулаймон, мусафеди, ки  бо сароидани таронаҳои мардумӣ миёни омма бо номи Бобои Файз машҳур аст, даргузаштаас

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар ин бора як манбаъи Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарояндаи шинохта субҳи имрӯз дар синни 82 солагӣ даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, Бобои Файз пас аз чанде беморӣ даргузашт, аммо шарҳ надод аз кадом беморӣ.

Номи Бобои Файз замоне вирди забонҳо гашт, ки тароинаи мардумии ӯ таҳти унвона "Очата бугу" нашр гашт.

Бобои Файз ҳатто бо сароидани ин тарона дар наврӯзии соли 2013 президент Эмомалӣ Раҳмонро мафтун карда буд ва хостори таҳияи барнома дар телевизион бо иштироки ин ҳунармандро карда буд.

Ӯ дар як суҳбаташ қад кард, ки қаблан низ ба овозхонӣ мушғул буд, аммо таронам "Очата бугу" ӯро бисёртар миёни мардум шинохта кард.

Файзӣ Сулаймон, бо тахаллуси Бобои Файз соли 1938 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба Дунё омадааст.

Ин дуввумин сарояндаи тоҷик аст, ки давоми шабонарӯзи ахир даргузашт.

Рӯзи гузашта 24-уми май низ, Ҷӯрабек Назрӣ, овозхони маъруфи тоҷик, дар синни 74-солагӣ даргузашт

Ҷӯрабек Назрӣ чанд рӯзи ахир дар шифохонаи "Истиқлол"-и Душанбе табобат мегирифт.

 

 

91
Пожарные тушат огонь, архивное фото

Сӯхтор дар Бозори марказии Шаҳритус ва шарҳи Вазорати корҳои дохила

143
(Таҷдидшуда 10:01 25.05.2020)
Дар пайи сӯхтори рӯзи гузашта дар Бозори марказии ноҳияи Шаҳритус бештар нуқтаҳои фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ зарар дидаанд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтори рӯзи гузашта дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритусро шарҳ дод.

Тиқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод сӯхтор соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори маркази нохияи Шаҳритус рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба амал омадааст.

“Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи (навес) фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ, 12 мағозаи хӯрока 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиеда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҳамазамон, хатари паҳншавии оташ ба биноҳои Амонатбонк ва Агроинвестбонк, ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, сабабҳои сар задани ҳодисаи сӯхтор аз руи хулосаи пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ буда аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда мавриди тафтиш қарор дода шудааст.

ВУД мегӯяд, барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш карда шуд.

143