Духтарча, акс аз бойгонӣ

Куштори мудҳиши модари ҷавон ва духтарчаи 6-сола дар Суғд: шарҳи ВУД

1177
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли модари ҷавон ва духтарчаи 6-солааш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 27-соларо боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҷинояти мудҳиш пеш аз зуҳри 7-уми ноябр дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додаст.

Манбаъ афзуд, ки муттаҳам, марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз дастгир карда шуд. 

“Номбурда, рӯзи 7-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон бинобар сабабҳои номаълум бо корди хоҷагӣ гулӯи ҷияни хурдсолаш духтарчаи 6-соларо то рагҳои калони хунгард бурида, ба ҳалокат расонидааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД афзуд, ки муттаҳам сипас, ҳамсари бародараш зани 27-соларо бо 11 зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Манбаъ илова намуд, ки феълан нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

1177
Барчаспҳо:
ВУД, Суғд, куштор, Тоҷикистон