Таджикские денежные знаки Сомони

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

1283
(Таҷдидшуда 17:37 09.11.2019)
Додситонии олии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи мудирони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва муассисаи давлатии варзиши Конибодом хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додситонии олии Тоҷикистон, масъулини соҳаи варзиши шаҳрӣ ба сохтакории ҳуҷҷатҳо даст зада, пули давлатро ба фоидаи шахсии худ сарф намудаанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Шарипов В.Д. бо директоры Муассисаи давлатии варзишии шаҳр Саидов З.Т ва муовини ӯ Каримҷонов Р.Р. бо истифода аз мансиби худ санадҳои бардурӯғро тартиб дода, маблағи аз буҷаи давлатро тасарруф намудаанд.

Боздошти мақомдор барои азхудкунии пули давлат: нафақаи 20 нафари мавҷуднабударо мегирифт

Онҳо бо тартиб додани маълумотҳои бардурӯғ, гӯё ду варзишгари тоҷик Алӣ Шарипов ва Олимҷон Назировро ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини тарзи озод ба шаҳри Киев фиристодаанд.

Гуфта мешавад, мақомдорони шаҳри Конибодом дар маҷмӯъ аз буҷети давлат ба микдори умумии 30 522,29 сомонӣ, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо аз они худ намуда, ба буҷаи шаҳрӣ зарари моддӣ расониданд.

Тибқи иттилоия, Прокуратураи вилояти Суғд нисбати Шарипов В.Д., Саидов З.Т. ва Каримҷонов Р.Р. аз рӯи моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои "а,б,г" ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (азонихудкунӣё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

Боздошти мудир, сармуҳосиб ва хазинадори литсейи Хуҷанд: пули толибилмонро аз худ карданд

Бо қарори суди шаҳри Конибодом номбурдагон дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста, ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби роҳбарикунанда дар муассисаҳои варзишӣ ба мӯҳлати як сол таъин карда шудааст.

1283
Барчаспҳо:
азхудкунии маблағ, Конибодом