Духтар сари чанбари мошин, акс аз бойгонӣ

Миҷгонаи 20-сола бо “Тойота-корола” пиёдагарди 51-соларо зер кард

343
(Таҷдидшуда 14:50 11.11.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи дигари маргбор дар ноҳияи Данғара хабар дод, ки бо марги марди пиёдагард анҷомидаст

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, сонеҳаи нақлиётии мазкур 8-уми ноябр, тахминан соати 19:30-дақиқа рух додаст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Миҷгона Қурбонова, ронандаи 20-солаи “Тойота Корола”,  ҳангоми ҳаракат аз Кӯлоб ба сӯи Данғара пиёдагард Файзалӣ Усмонови 51—соларо зер намудаст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Корола”, Қурбонова Миҷгона Зайнуллоевна, зодаи соли 1999, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Данғара, пиёдагард Усмонов Файзалӣ Шарифович, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи мазкурро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Дар натиҷа, Усмонов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ дар ҳудуди ноҳияи Кушониён хабар дод, ки 4 куштаю 3 маҷруҳ барҷой гузоштаст ва феълан шахсияти на ҳамаи қурбониён маълум шудааст.

343
Барчаспҳо:
ҳалокати пиёдагард, ронанда, Данғара, садамаи маргбор, Тоҷикистон
Значок немецкого концерна Мерседес на автомобиле,

Дучархадуздӣ рафту мошинро дуздид-видеои ВУД

86
(Таҷдидшуда 17:40 24.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати мошиндуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ Абдулманит Ҷӯраев муроҷиат карда, аз дуздии мошинаш хабар додааст.

Муроҷиаткунанда, сокини деҳаи Алачабофи ноҳияи Рӯдакӣ арз доштааст, ки шаби 16 декабр шахсони номаълум вориди манзили истиқоматияш шуда, мошини “Мерседес бенз”-ашро дуздидаанд.

Маъмурини милиса дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Алиев Ҳасан, сокини ноҳияи Исмоили Сомониро боздошт кардаанд. ВУД мегӯяд, ин ҷавони соли таваллудаш 2002 қаблан низ суд шудааст.

Муттаҳам дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки бо ҳадафи дуздии дучарха вориди манзили истиқоматӣ шуд, ки калидҳоро даруни мошин дид ва онро ҳай карда бурдааст.

Ба гузориши ВУД, феълан алайҳи Алиев парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Таъкид шудааст, ки мошин ба соҳибаш баргардонда шуд.

Назари бевоситаи муттаҳам ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.

86
Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, мошин, Тоҷикистон

Марги марди амрикоӣ пас аз чанд соати гирифтани ваксина

164
(Таҷдидшуда 15:28 24.01.2021)
То ҳол маълум нест, ин мард бо кадом навъи ваксина - Moderna ё Pfizer эм карда шудааст. Феълан дар сатҳи маҳаллӣ ва федеролӣ ин қазия тафтиш мешавад

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Дар ИМА як мард пас аз чанд соати гирифтани ваксина алайҳи коронавирус вафот кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Як милисаи минтақаи Плейсер дар саҳифааш дар Facebook хабар дод, ки мард моҳи пеш гирифтори коронавирус шуда буд.

"Хадамоти тандурустии Плейсер округ ва шӯъбаи коронавируси дафтари округи Шериф дар бораи марг огоҳнома дарёфт карданд. Дар авохири моҳи декабр дар бадани ин мард бемории COVID-19 дарёфт шуд... Рӯзи 21 январ ин мард алайҳи коронавирус эм карда шуд ва пас аз чанд соат даргузашт", - омадааст дар хабарнома.

Қайд карда мешавад, ки фавтида, на дар идораи тандурустии шаҳр, балки дар дигар ҷой эм карда шудааст. Тафтишот дар чанд сатҳ -  маҳаллӣ ва федеролӣ гузаронида мешаванд.

Марги 55 нафар дар Амрико пас аз гирифтани ваксина

Ҳанӯз маълум нест, ки шахси фавтида кадом ваксинаро гирифтааст - Moderna ё Pfizer.

164
Барчаспҳо:
мард, марг, эмгузаронӣ, вируси корона, ИМА
Абдуқодир Тошқулов, вазири маорифи Ӯзбекистон, акс аз бойгонӣ

Норозигии вазири тоҷиктабори навтаъйин дар Ӯзбекистон аз коғазу маҷлисбозӣ ва беташаббусӣ

0
(Таҷдидшуда 20:18 24.01.2021)
Абдуқодир Тошқулов, ки ба тозагӣ аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вазифаи вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус таъйин шуд, гуфтааст, ки таассуроти рӯзҳои аввали кор дар ин вазорат вайро ҳаргиз қаноатманд намесозад

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Тошқулов гуфт, дар ин ҷо касе ташаббускорӣ намекунад, зеро тартиби кор дуруст ташкил нашудааст, захираҳои инсонӣ нодуруст идора мешаванд, хабар додааст хабарнигори сомонаи “Фараж” дар Тошканд бо такя ба дафтари матбуоти вазорат дар саҳифаи шабакаи интернетии худ навиштааст.

“Ходимон аз ҷиҳати равонӣ ва ҷисмонӣ хаста шудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба оила ва тарбияи фарзандони худ расидагӣ намекунанд. Дар ҷое, ки озод кор кардан ва фикрронӣ нест, барои истироҳат шароит фароҳам оварда нашудааст, натиҷаи кори босамарро талаб кардан имконнопазир мегардад”, - гуфтааст Абдуқодир Тошқулов.

Манбаъ афзуд, ки вазир аз фаъолияти баъзе сохторҳои ин ниҳод ибрози норизоӣ кардааст Ӯ зарур хондааст, ки минбаъд фаъолияти ин сохторҳо мунтазам мониторинг карда мешавад ва мутахассисони хуб қадрдонӣ, вале шартномаи онҳое, ки аз ӯҳдаи иҷрои кори худ намебароянд, бекор карда мешавад.

Ба гузориши “Фараж”, вазири навтаъйин тақозо намудааст, ки ба коғазбозиҳои беҳуда хотима гузоранд, баҳудаву беҳуда маҷлисбозӣ накунанд, ба кору вазифаашон бо эҳсоси масъулият муносибат намоянд.

Абдуқодир Тошқулов аз адами шароит барои профессорҳо-устодони макотиби олӣ ибрози нигаронӣ карда, афзудааст, ки шунидани ҳарфу дарди роҳбарони он аз вазифаҳои муҳими ӯ хоҳанд буд.

Натоиҷи интихоботи такрории Ӯзбекистон эълон гардид: се вакил тоҷиктабор ҳастанд

Тошқулов, ки 29 августи соли 1976 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё зода шуда, миллаташ тоҷик мебошад, ахиран аз ҷониби президент ва парлумони Ӯзбекистон ба мақоми вазирӣ таъйин гардид.

Бар асоси ҳолнома, Тошқулов соли 1998 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тирмизро хатм кардааст ва дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолият оғоз намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Абдуқодир Тошқулов узви Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон аст ва дар соли 2017 ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз таъйин шуда, то таъйиноти наваш дар ин мақом кор кардааст.

0
Барчаспҳо:
таъйин, вазир, Ӯзбекистон