Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Вазъи саломатии 4 шаҳрванди Тоҷикистонро пизишкони қазоқ вахим арзёбӣ мекунанд

260
(Таҷдидшуда 13:32 13.11.2019)
Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон дар як садамаи мудҳиши нақлиётӣ ҷароҳат бардоштанд, дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд ва пизишкон вазъияти онҳоро вахим арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Пизишкони Қазоқистон вазъияти чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро вахим арзёбӣ мекунанд. 

Феълан ҳамаи онҳо дар шӯъбаи эҳёгарӣ бо латмаи сахти мағзи сар ва шикасти қафаси сина ва даст қарор доранд, хабар медиҳад Sputnik Казахстан.

Идораи беҳдошти вилояти Қарақандаи Қазоқистон вазъияти як шаҳрванди тоҷикро махсусан вазнин арзёбӣ мекунад. 

Ёдовари мешавем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон шаби 11 - уми ноябр бар асари бархӯрдани автобуси мусофирбар бо худрав сахт ҷароҳат бардоштанд.

Ба айби ронандаи тоҷик автобуси ҳомили хонандагон чаппа шуд

Дар лаҳзаи рух додани садама, дохили автобус 15 нафар мусофир ва 2 ронанда қарор доштанд. 

Ба маълумоти пешакӣ, омили асосии сар задани садама, яхбандии роҳ буда, ронандаи 38 - сола, шаҳрванди Қазоқистон аз уҳдаи идора кардани автобус набаромада, ба худрави Volvo таҳти идораи ронандаи 55 - сола бархӯрдаст.

Ҷузъиёти бархӯрди қатора ба автобус бо 67 мусофир дар Қазоқистон - видео

Манбаъ меафзояд, феълан кормандони пулис таҳқиқи рух додани ин ҳодисаро дақиқ мекунанд.

260
Барчаспҳо:
вазнин, саломатӣ, шаҳрвандон, Тоҷикистон
Запись на листе бумаге, архивное фото

Худкушии мудири кӯдакистон дар Ӯзбекистон - сабабҳо маълум шуд

197
(Таҷдидшуда 13:22 12.07.2020)
Пас аз ин ҳодиса барои муайян кардани сабабҳои худкушӣ комиссияи вижа ташкил шуд. Бино ба хулосаи прокуратураи ноҳияи Баликчӣ марҳум ба сабаби мушкилот дар кор ва вазъи саломатияш даст ба худкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Хабарҳои нохуш аз вилояти Андиҷони Ӯзбекистон. Мудири боғчаи баччагонаи рақами 11 - и ноҳияи Баликчӣ худкушӣ кард. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ хабар медиҳад.

Дар хулосаи судӣ ва санҷиши равонӣ омадааст, ки "вазъи номусоиди марҳум дар паи низоъҳои эҳсосотии ботинӣ бархоста, ӯро ба чунин кор овардааст".

Ин ниҳод қайд карда, ки вақтҳои охир дар шӯъбаи маорифи ноҳия, ки кӯдакистони рақами 11 ба он мутааллиқ будааст, мушкилоти зиёд сар задааст. Аз ҷумла нақзи қавонини ҷиддӣ дар бахши хоҷагидорӣ ва молиявии кӯдакистон ошкор шудаанд.

Натиҷаҳои санҷиш дар моҳи майи соли равон муайян кардааст, ки роҳбари шӯъбаи таҳсилоти томактабии ноҳияи Баликчӣ нисбати ӯҳдадорҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир кардааст. Маълум шуда, ки директори сохтмонии ширкати "Милано курилиш", ки таъмири кӯдакистонеро, ки Ш. Худжакулова, роҳбарӣ мекард, бар ӯҳда доштааст, тавассути ҳуҷҷатгузории қалбакӣ маблағро аз худ кардааст. Корҳои таъмирӣ бесифат анҷом дода шуда буданду додгоҳи ноҳиявӣ нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ҳамчунин дар фаъолияти раҳбарӣ ва интизомӣ низ дар ин муассисаи томактабӣ нуқсонҳои зиёд дида шуда, ба вокуниши нохубе аз ҷониби аҳолӣ дучор шудааст. Ҳамин тавр, моҳи июни соли равон мудири кӯдакистон аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Тибқи таҳлилҳои комиссия ҳамаи ин омилҳо ба саломатии рӯҳию равонии мудири муассиса таъсир карданд ва ӯ ба хушкушӣ даст зад. Пизишкон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ нисбати даргузашти мудир ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори ҳамдардӣ мекунад.

197
Барчаспҳо:
боғчаи бачагон, мудир, сабаб, худкушӣ, Ӯзбекистон
Пляжный зонт

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

516
(Таҷдидшуда 17:20 11.07.2020)
Ин ҳодиса дар яке аз пляжҳои Миср рух додааст. Ба далели зиёд сар задани чунин ҳодисаҳо, сокинон онр "пляжи марг" ном гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Ёздаҳ нафар дар пляжи Александрияи Миср ғарқ шуданд, хабар медиҳад Akhbar el-Youm.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, ғарқшавии 11 нафар дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дар доираи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус пляжро баста буданд ва аз сокинон дархост намуданд, ки дар ин манотиқ дигар ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳодиса соати 05:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Сокинон ба хотири ба дасти кормандони пулис науфтодан, субҳи барвақт ба пляж рафтанд.

"Даҳ нафар ба ҳангоми наҷот додани як кӯдак аз ғарқшавӣ худ зери об рафтанд. Наҷотбахшон танҳо ҷасади 6 нафарро берун оварданд. Корҳои кофтукобӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар Миср сар аз моҳи март, аз замони авҷ гирифтани маризии коронавирус ҳамаи пляжҳо баста шудаанд ва кормандони пулис ҳамарӯза аз ҳузури одамон назорат мебаранд.

516
Барчаспҳо:
Миср, ғарқ, кӯдак
Денежные купюры

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

0
Иқтисодшиносон тавзеҳ доданд, ки арзиши доллар ва рубл дар моҳи август аз кадом омилҳо вобаста хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Феълан бозори асъори ҷаҳониро вазъи пандемияи коронавирус идора мекунад, гуфтааст коршинос  Марк Гойхман дар мусоҳиба бо "Российская газета".

"Сенарияи неки арзиши рублу доллар аз паси сар шудани давраи тезу тунди пандемия, хусусан дар Аврупо вобаста аст. Он дороиҳои хатарнокро тамоми ҳафтаи равон, аз ҷумла аксияҳо, нафт ва рублро дастгирӣ мекард. Аммо охири ҳафта афзоиши сирояти коронавирус ба бозор бетаъсир намонд", - гуфт коршинос.

Ӯ таъкид бар рекорди нави афзоиши сирояти коронавирус дар Амрико, Чин, Ҷопон ва Австралия кард.

"Ду тамоюли короновирусии бо ҳам муқобил, бо ҳам пайваст шуда, раванди таҷаммӯи дороиҳои хатарнокро суст карданд, ки байни онҳо рубл низ ҳаст. Онҳо дар мувозинати заифе монданд", - тавзеҳ дод вай.

Коршинос тахмин мезанад, ки рӯзҳои наздик барои рубл тағйирот меоранд. Сабаби асосӣ дар вазъи номаълуми натиҷаҳои рӯйдодҳои ахир ва вазъи бозор мебошад.

Бино бар пешгӯии коршинос, ҳафтаи сеюми июл доллар метавонад ба 68,9 то 72,5 рубл баробар шавад, евро 78,3-81,6 рубл хоҳад шуд. 

Ба арзиши рубл дар моҳи август панҷ омил таъсир мерасонанд, мегӯяд Гойхман.

Аввалинаш, ба гуфтаи вай, ба анҷом расидани давраи пардохти дивидентҳо аз ҷониби ширкатҳои русӣ ба анҷом мерасад. Дувум, мегӯяд коршинос, табдили фоидаи рубл ба асъор аз ҷониби саҳмдорони бузурги аксияҳои русӣ дар хориҷ мебошад.

"Пас аз коҳиши нархи калидӣ Бонки марказии Русия тадриҷан даромаднокии сармоя ба авроқи қарзии Русия аз ҷониби шахсони ғайри муқимро кам мекунад, ки ин омили севум аст", - афзудааст иқтисодшинос.

Ба гуфтаи ӯ, омили чорум аз ҷониби Бонки марказӣ кам шудани фурӯши асъор бо роҳи "қонуни буҷавӣ" мебошад. 

Ва дар охир, омили панум, зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ бо далели воридоти амволи хориҷӣ пас аз карантин мебошад, афзуд вай.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Марк Гойхман боварӣ дорад, ки ин панҷ омил боиси поён рафтани арзиши рубл мешавад.

"Дар моҳи август арзиши доллар метавонад ба 73-74 ва арзиши евро ба 82-83 рубл баробар шавад", - мегӯяд коршинос.

0