Арест, архивное фото

Баҳси ду тоҷири тоҷик дар бозори Бишкек ба марги яке аз онҳо анҷомид

954
(Таҷдидшуда 13:20 13.11.2019)
Раёсати умури дохилии Бишкек аз ҳалокати як шаҳрванди 30 - солаи Тоҷикистон дар бозори "Кербен" хабар медиҳад, ки дар марги ӯ ҳамшаҳрии ӯ, шаҳрванди 30 - солаи тоҷик даст дорад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ба иттилои Раёсати умури дохилии Бишкек, кормандони пулис як шаҳрванди 30 - солаи Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки дар қатли ҳамватани худ даст доштаст.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи кордкашӣ рӯзи 12 - уми ноябр, тахминан соати 09:25 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додаст.

Раёсати умури дохилӣ мегӯяд, ки бинобар робитаҳои қарзӣ, байни мардҳо як низоъ ба таври шифоӣ ба вуқӯъ омадааст, ки дар натиҷа яке дигарашро бо корд задааст.

Зимнан тоҷири 30 - солаи Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.

Куштор: Ҷӯрақулов барои қатли шавҳари хоҳараш ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Гуфта мешавад, кормандони пулис феълан ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ намудаанд.

954
Барчаспҳо:
тоҷир, тоҷик, корд, Бишкек