Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото

Писар падари 76-солаашро латукӯб кард: мӯйсафед дар беморхона бистарӣ шуд

2126
(Таҷдидшуда 12:29 19.11.2019)
Дар Конибодом марди 32-сола бо падари 76-солаи худ ҷангу ҷанҷол карда бо дасту пояш ба аъзои бадани ӯ задааст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки мӯйсафеде, ки аз сӯи пасараш латукӯб шудааст, дар ҳоли ҳозир,  дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино бар иттилои ВКД Тоҷикисто, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодомро, ки дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар гумонбар дониста мешавад, боздошт намуданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки марди 32-сола санаи 16-уми ноябри соли равон, дар ҳавлии истиқоматиаш бо падараш, марди 76-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо дасту пояш ба аъзои бадани падараш задааст.

Ҳалокати падару писар дар пайи лағжиши тарма дар шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим

“Дар натиҷа, падараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст” – таъкид намудааст ВКД Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия тафтишоти ин ҳодисаро идома доранд.

2126
Барчаспҳо:
ҷанҷол, латукӯб, писар, ҷангу ҷанҷол, падар, Конибодом, Тоҷикистон