Взлет самолета Airbus A330, архивное фото

Таъхири парвози ҳавопаймои самти Маскав - Бохтарро ба мусофирон тавзеҳ надоданд

130
(Таҷдидшуда 16:03 22.11.2019)
Ҳарчанд парвози ҳавопаймо самти Маскав - Бохтар барои як соат ба таъхир афтода буд, вале сабабашро ба мусофирони ин хатсай шарҳ надоданд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Субҳи имрӯз ҳавопаймои хатсайри Маскав - Бохтар пас аз як соати интизории мусофирон ба ҳаво бархост.

Ҳавопаймои мазкур мебоист аз фурудгоҳи Шереметоваи Маскав соати 9:30  дақиқаи ба вақти маҳаллӣ парвоз мекард. Аммо дар кори парвози тайёра таъхиркорӣ сурат гирифта, соати 10:52  фурудгоҳро тарк кард.

Бар хабари бархе расонаҳои русӣ, иллати ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо ба рафтори ноҷои яке аз сарнишинон рабт дода мешавад.

Таъхири парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Сургут: сабаб то ҳол норӯшан аст

Вале дар ширкати ҳавопаймоии Nordwind Airlines далели авбошии яке аз сарнишинҳоро рад намуданд ва танҳо афзуданд,  ки ҳавопаймои самти Маскав - Бохтар бо каме таъхиркорӣ аз фурудгоҳи Шереметова парвоз кард.

Котиботи фурудгоҳи мазкур низ аз ироаи шарҳи бештари ҳодисаи мазкур худдорӣ намуд.

“Таъхири парвози ҳавопаймо аз Санкт Петербург ба Тоҷикистон”

Интизор меравад, ҳавопаймои хатсайри мазкур соати 17:16 дақиқаи ба вақти Маскав дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар фуруд ояд.

130
Барчаспҳо:
Бохтар, Маскав, таъхир, парвоз, ҳавопаймо