Аробачаҳои тиббӣ, акс аз бойгонӣ

Марг дар роҳ ба Ватан: шахсияти тоҷикони ҳалокшуда дар садамаи Оренбург маълум шуд

2136
Дар садамаи пурқурбонии субҳи 24 ноябр дар вилояти Оренбург, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, як муҳоҷири дигари тоҷик дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Миёни мусофирони микроавтобус, ки ба садама дучор шуд, се нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, хабар дод Аҳмади Иброҳим, сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия.

Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, якҷоя бо кормандони сафорат дар Русия муайян намудаанд, ки дар ин садама ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, як нафар маҷруҳ шудааст.

Аҳмади Иброҳим аз муҳоҷирони марҳуми тоҷик - Маликзода Ҳусниддини Мирзомурод, зодаи соли 1992 ва Фирӯзи Аҳмад, мутаваллиди соли 1993 ном бурд.

Ӯ афзуд, муҳоҷири дигар, Исматов Шаҳбоз Иззатуллоевич, зодаи соли 1994, дар шуъбаи эҳёгарӣ дар беморхонаи Оренбург бистарӣ буда, табибон вазъашро вазнини муътадил арзёбӣ мекунанд.

Видео аз макони садама дар Оренбург

Аҳмади Иброҳим изҳор дошт, ки муҳоҷирони мазкур дар шаҳри Ростов кор карда, дар роҳи бозгашт ба Ватан қарор доштаанд. Қурбониёни дигари ин садама шаҳрвандони Узбакистон будаанд.

Субҳи 24 ноябр, соати 6:10 бо вақти маҳаллӣ дар вилояти Оренбург микроавтобуси ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва мошини боркаш бархӯрдаанд, ки дар натиҷа 6 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расидаанд. Сабабҳои садама феълан мавриди тафтиш қарор доранд.

“Дар километри 15-уми роҳи Оренбург – Акбулак мусофирбари хурди Hyundai ва фура бархӯрдаанд. Сабаби садама феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад”, - омадааст дар иттилоияи пулиси Оренбург.

Тибқи иттилои ахир, дар пайи садама 6 нафар, аз ҷумла кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд. Бар асоси иттилои пешакӣ мусофирони микроавтобус шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон будаанд, хабар дода буд пулис.

Мошини боркаш рақамҳои қайди давлатии Қазоқистон ва мусофирбари хурд рақамҳои минтақаи Ростови Русияро доштааст.

2136