Мерседес, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати пиёдагарди ҷавон дар зери чархи "Мерседес"

137
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор хабар додаст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додаст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бар асоси иттилоияи ВУД, дар пайи ноуҳдабароии Маъруфҷон Худойназаров, ронандаи “Мерседес” дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ марди пиёдагард зери мошин монда, ба ҳалокат расидаст.

ВУД тавзеҳ додаст, ки садамаи маргбор 22-юми ноябри соли 2019, тахминан соати 20:45-дақиқа рух додаст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Худойназаров Маъруфҷон Маҳмасидиқович, зодаи соли 1975, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Тубеки ҷамоати деҳоти Лоҳур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Исматуллоев Илҳом Салимович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия. 

Манбаъ афзуд, дар натиҷа пиёдагард Исматуллоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳкиқи ин ҳодиса идома дорад.

137
Барчаспҳо:
ҳалокат, пиёдагард, садама, Тоҷикистон