Занозанӣ, акс аз бойгонӣ

Ахбори ВУД: аз таҳдиди куштани ҳамсоя то роҳзанӣ дар бозори “Саховат”

294
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз аъмоли ҷиноие хабар додаст, ки тайи рӯзҳои охир дар навоҳии кишвар рух додаанд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, як ҳолати роҳзанӣ дар бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе рух додааст, ки бо иттиҳоми даст доштан дар он марди 19-сола,  сокини шаҳри Ваҳдат дастгир шуд.

“Номбурда, рӯзи 23-юми ноябри соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар назди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии 2 рафиқаш, бо марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, аз ӯ 1 болопӯш – “куртка”, 1 телефони мобилии тамғаи “Редми А-6” ва 230-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зарари расонидашударо 2 ҳазору 610 сомонӣ арзёбӣ карда, афзудааст, ки феълан чорабиниҳо барои боздошти ҳамроҳони ҳамлагар идома доранд.

Инчунин маъмурини милиса марди 38-сола, сокини деҳаи Чашмасори ноҳияи Зафарободро дастгир кардаанд, ки дар таҳдиди куштани ҳамсояаш айбдор мешавад.

Вазири фарҳанги Узбакистон: "Мо як халқ ҳастем, ки бо ду забон сухан мекунем"

“Номбурда, рӯзи 16-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 15:00, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсояаш, марди 36-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ ӯро таҳдиди куштан намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ин ниҳод афзуд, ки феълан алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 120-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

294
Барчаспҳо:
таҳдид, парванда, боздошт, роҳзанӣ, Тоҷикистон