Дорожные сигнальные конусы, архивное фото

Хобаш бурд: ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар шоҳроҳи Бухоро - Самарқанд

320
Дар шоҳроҳи Бухоро - Самард як шаҳрванди Тоҷикистон дучори садама шуда, ба ҳалокат расид. Марҳум ба бетони канори роҳ бархӯрдаст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар Узбакистон бар асари садамаи маргбори нақлиётӣ як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии ин кишвар.

Бар хабари манбаъ, ҳодисаи маргбор бегоҳи рӯзи 24 - уми ноябр дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанд рух додаст.

Ҳалокати пиёдагарди ҷавон дар зери чархи "Мерседес"

Ронандаи автомашинаи тамғаи "Opel", ки шаҳрванди Тоҷикистон будаст ба бетони канори роҳ бархӯрдаст. Иллати рух додани садама, хоб рафтани ронанда сари чамбараки мошин гуфта мешавад.

Зимнан, манбаъ меафзояд, ки аснои бархӯрдан ба бетони канори роҳ, ронанда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.

Дар дохили мошин ҳамчунин як мусофири дигар низ қарор дошт, ки бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ фавран ба беморхона интиқол ёфт.

Марг дар роҳ ба Ватан: шахсияти тоҷикони ҳалокшуда дар садамаи Оренбург маълум шуд

Феълан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷузъиёти ҳодисаро муайян мекунанд.

320
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, шаҳрванд, садама, Самарқанд, Бухоро

Ҳалокати як ноболиғ ва ду ҷавон дар ду садамаи маргбор

55
(Таҷдидшуда 11:15 28.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ду садамаи ахире, ки дар роҳҳои ҷумҳурӣ сурат гирифтааст, се шаҳрванди кишвар ҷони худро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 26-уми майи соли равон,  ронандаи худрави “БМВ-320” Холмуродов Қурбоналӣ, сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагарди ноболиғ, Азизов Зулфиқор Тағоймуродович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкурро пахш кард.

Баъд аз пахши пиёдагард худрав боз ба дарахти дар канори роҳ буда бархурдааст. 

ВУд қайд кардааст, ки дар натиҷа ноболиғ Азизов Зулфиқор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, худи ронанда Холмуродов Қ. ҷароҳати бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳамзамон, санаи 27-уми майи соли равон, ронандаи худрави “Мерседеc-Бенс”, Абдуалимов Абумутолиб, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти маҳаллаи Ховарон рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №1 кӯчаи Зебуниссо аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа мусофирони ин худрав Алиев Абдураҳмон, соли таваллудаш 2001, Назаров Сунатулло, соли таваллудаш 2001, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - қайд намудааааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ронандаи мошин Абдуалимов А.Б. ва як мусофири дигар Сидиқов Мавлавӣ, соли таваллудаш 2001, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома доранд.

55
Барчаспҳо:
ноболиғ, ҷавон, вазорат, шаҳрванд, маргбор, садама, Тоҷикистон

Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид ва тавсия ба сокинон: либоси тунук пӯшед, дар сар кулоҳ монед

585
(Таҷдидшуда 18:01 27.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки дар мамлакат рӯзҳои гарм фаро мерасанд. Дамои ҳаво дар тобистони имсол метавонад ҳатто болоатр аз 42 дараҷа бошад

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бино ба итттилои сомонаи расмии Кумита, болоравии ҳарорати ҳаво сабабгори он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳо об шаванд, пиряхҳо низ об шаванд ва ин ҳама сабабгори резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо шавад.

Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо низ дақиқан ба вазъи атроф нигаранд ва аз эҳтиёт кор гиранд. 

Ҳамчунин, Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш намудааст, давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

Кумита ба сокинон ҳамчунин тавсия додааст, ки  ҳавои хонаро муътадил нигоҳ доранд,  аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунанд, либосҳои тунуку сабук пӯшанд, дар сар кулоҳ дошта бошанд, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар.

“Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед”,-гуфтааст кумита.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

 

585