Милиционеры в Душанбе, архивное фото

Кордкашии хонандагони синфи 9 дар шаҳри Хуҷанд ба чӣ анҷомид?

816
(Таҷдидшуда 09:57 28.11.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кордкашии ду ноболиғ дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки ба бистарӣ гардидани яке аз онҳо анҷомид

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи 18 - уми шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ омадаст. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кордкашии ноболиғон рӯзи 26 - уми ноябри соли равон, тахминан соати 16:30 дақиқа рух додаст.

Манбаъ меафзояд, писарбачаи 15 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд, бо як ҳамсоли худ вориди муноқиша шуда, бо корд як маротиба ба шиками ӯ зарба расондаст.

Кордкашӣ дар Султонобод бо боздошnи марди 31-сола анҷомид

Гуфта мешавад, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид. Зикр мегардад, ки ҳар ду ноболиғ хонандагони синфи 9 - и яке аз макотиби ин шаҳр мебошанд.

Кордкашии ноболиғон дар ҳолест, ки Раёсати умури дохилии Тоҷикистон миёни ҷавонону ноболиғон барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо нангин амалиёти шартии "Корд" - ро пиёда намудааст.

Давоми чанд моҳи ахир аз ҷониби кормандони ин раёсат чандин адад силоҳҳои сард аз толибилмон ва ҷавонон дарёфт ва мусодира карда шуд. 

Роҳбари ширкати “Сомон-транс-Логистик” марди 22-соларо бо оҳан лату кӯб кард

Бо вуҷуди ин ҳам ҳоло ҳолатҳои бо худ гирифта гардондани силоҳ аз ҷониби ноболиғон назаррас аст.

Қайд мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи кордкашии ноболиғон дар шаҳри Хуҷанд тафтишот идома дорад.

816
Барчаспҳо:
Хуҷанд, ноболиғон, кордкашӣ