Сокини 29 солаи Душанбе барои ташкили пойгаи ғайриқонунӣ 14 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

839
Сокини пойтахт барои ташкил намудани пойгаи ғайриқонунӣ ба маблағи 13 750 сомонӣ ҷаримабандӣ ва ҳамчунин давоми ду сол аз ҳаққи рондани воситаи нақлиёт маҳрум карда шуд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, як сокини пойтахтро барои ташкили пойгаи ғайриқонунӣ гунаҳкор медонад.

Ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳи мазкур, Фаридун Асатуллозодаи 29 - сола, шаби 12 - уми октябри соли равон бо як ронандаи дигар дар кӯчаи Исмоили Сломонӣ, пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намудаст. 

Ҳарчанд Фаридун иштироки худ дар пойгаро рад мекунад, вале додгоҳ мегӯяд, ки дар дасти онҳо сабти навори пойга қарор дорад ва Фаридун ташкилкунандаи асосии ин пойга мебошад.

Мошинрони машҳури олмонӣ Михаэл Шумахер ба ҳуш омадаст

Номбурда сокини кӯчаи Исмоили Сомонӣ буда, соҳиби мошини БМВ рақами қайди давлатиаш 5588 РВ 01 мебошад.

Ҳамин тавр, суди ноҳияи мазкур Фаридуни Асатуллозодаро бо моддаи 3261 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ баробар ба маблағи 13750 сомонӣ таъин намуд.

Қарори нави Рустам Эмомалӣ: “Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2019”

Гузашта аз ин номбурда барои 2 сол аз ҳаққи идора кардани воситаи нақлиёт маҳрум карда шуд.

839
Барчаспҳо:
ҷарима, пойга, Душанбе