Дорожный знак, архивное фото

Садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Турсунзода

381
Ронандаи худрав аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагардро зер намуд, ки дар натиҷа ҷароҳатбардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргборӣ нақлиётӣ хабар имедиҳад, ки субҳи 29 - уми ноябр рух додаст.

Ба иттилои манбаъ, сабаби сар задани садама, аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта мешавад.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, Худойназарзода Беҳрӯзи 27 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Турсунзода”, дар 51-ум километри ҳудуди ҷамоати деҳоти Сешанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Маҳмадраҳимов Мурод Умурзоқович соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Ёвонро, пахш намудааст.

Садама дар Душанбе: ҳалокату ҷароҳати мӯйсафедон аз Лахшу Тошканд

Манбаъ меафзояд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

381
Барчаспҳо:
садама, Турсунзода, Душанбе