Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Кордкашии духтари ҷавони 23-сола: мард дар бемористон бистарӣ шуд

957
(Таҷдидшуда 11:30 02.12.2019)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар пойтахти кишвар духтари ҷавони 23-сола, ки дар авбошӣ гумонбар дониста мешавад боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти духтари ҷавон, ки даст ба авбошӣ задааст хабар дод.

Бино бар иттило дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, кормандони милитсияи пойтахт зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо боздошт карданд, ки ӯ дар  дар содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар дониста мешавад.

Масъулини ВУД Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар ҳоли ҳозир, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати кордкашӣ дар бозори марказии ноҳияи Вахш хабар додааст, ки дар заминаи рашку гумони хиёнаткорӣ сар задааст

Нуриддин Сагатов, сокини 52-солаи ноҳияи Вахш дар заминаи рашк дар бозор ба Нурмуҳаммад Ҷумъаев, зодаи соли 1962 ҳамла карда, корд задааст, хабар дод ВУД.

Манбаъ афзуд, ҳодисаи кордкашӣ 23 октябр дар бозори марказии Ҳоҷӣ Кароматуллоҳи ноҳияи Вахш рух додаст.

ВУД тавзеҳ дод, ки Сагатов Ҷумъаевро барои доштани муносибатҳои маҳрамона бо ҳамсараш айбдор карда, бо корд ба гарданаш зарба задааст.

957
Барчаспҳо:
авбошӣ, боздошт, духтар, ҷавон, ВУД, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Нигаронии Раҳмон аз иҷро нашудани барномаҳо, буҷа ва андоз дар Шаҳритус

440
(Таҷдидшуда 11:12 22.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз, зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳритус аз иҷро нагаштани баъзе аз барномаҳо ва корҳо дар ноҳия изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф гуфтааст “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2016-2020” ҳамагӣ 56 фоиз иҷро шуд.

Ба гуфти президент, аз 104 лоиҳаи пешбинишуда ҳамагӣ 60 лоиҳа ба маблағи 33 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар 28 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд. Яъне 16 лоиҳаи барнома иҷро намегардад, ки хеле ташвишовар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин, ба ҳукумати вилояти Хатлон ва  Шаҳритус дастур додааст, ки ҷиҳати самараноку босифат татбиқ гардидани барномаи қабулгардида ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ беҳтар ба роҳ монанд.

Зеро ба гуфти раисиҷумҳур, иҷрои босифати барномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Ба иттилои манбаъ,  дар бист соли охир дар ноҳияи Шаҳритус беш аз 30 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки президент ин рақамро қонеъкунанда арзёби накарда гуфт, ноҳия хеле сераҳолӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра истеҳсоли сабзавот, меваю ангур, гӯшту шир, тухму пашм, асал ва гӯшти моҳӣ зиёд гардида, вале истеҳсоли картошка, полезӣ ва пилла коҳиш ёфтааст.

"Соли ҷорӣ дар ноҳия ҳамагӣ дар майдони 388 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133 гектар ё 25,5 фоиз кам мебошад. Аз ҳамин сабаб ҷамъоварии картошка низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор тонна ё 32,4 фоиз кам гардидааст",- гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамзамон аз иҷроиши нақшаи буҷа ва андозҳо низ нигаронӣ карда гуфт, дар ҳафт моҳи соли 2020 ба буҷети маҳаллӣ беш аз 18 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 94,5 фоизи нақшаро ташкил дода, дар ин давра нақшаи андозҳо аз даромад, боҷи давлатӣ, воситаҳои нақлиёт ва низоми махсуси андозбандӣ таъмин нагардидаанд.

“Ҳамзамон бо ин, дар ҳафт моҳи соли равон бақияи қарзи андозҳо 8,4 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 4,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад”,-гуфтааст президент.

Президент барои рафъи камбудиҳо ба масъулини ноҳия дастур додааст, ки якҷо бо Кумитаи андоз корро дар самти фаҳмондадиҳӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшида, барои пурра иҷро намудани нақшаи андозу пардохтҳо, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав ҷораҷӯӣ намоянд.

 

440
Барчаспҳо:
мулоқот, н. Шаҳритус, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Мотам дар оилаи Тураевҳо: даргузашти тоҷири маъруф, ки “илтиҳоби шуш” дошт

7654
Султон Тӯраев, яке аз тоҷирони маъруфи Истаравшан ва бародари Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо, сиёсатмадорони маъруфи Тоҷикистон дар синни 69 – солагӣ бо зиндагӣ падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Султон Тӯраев тайи даҳ рӯзи ахир дар Шифохонаи шаҳрии Истаравшан бо ташхиси “илтиҳоби шуш” табобат мешуд.

“Баъди зуҳри имрӯз духтурон хабар доданд, ки вазъашон ба вахомат гароидааст. Соате нагузашта, хабар доданд, ки ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд”, - гуфт ӯ.

Султон Тӯраев дуввумин намояндаи хонаводаи маъруфи Тӯраевҳо дар Истаравшан аст, ки дар замони пандемияи “вируси корона” оламро тарк мекунад.

30 майи соли равон бародари ӯ Сайфиддин Тӯраев дар синни 75 – солагӣ аз маризии дил вафот карда буд. Бародари бузурги онҳо - Қурбон Тӯраев низ дар ин миён як бор ба маризӣ печида, пас аз муддате шифо ёфт.

Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо сиёсатмадорони маъруфи Тоҷикистонанд, ки дар солҳои 90 – ум барои истиқрори сулҳ ва як ҳукумати мутамарказ дар Тоҷикистон нақши боризе доштанд.

Сайфиддин Тӯраев дар гузашта вазири хидмати маишӣ (1986-89), муовини аввали раиси Шӯрои Олӣ буд ва дар интихоботи президентии ноябри соли 1999 номзад ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Қурбон Тӯраев дар замони Шӯравӣ раиси Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар навоҳии Айнӣ, Мастчоҳ, шаҳри Ӯротеппа, пас аз истиқлолият вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.

Ҳарду солҳои 1990 узви Шӯрои олӣ буданд ва дар иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ширкат намуда, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Шӯрои олӣ пуштибонӣ намудаанд.

Дар қиёс бо бародарони худ Султон Тӯраев як умр бо тиҷорат – пешаи хонаводагии Тӯраевҳо машғул буд. Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ дар заминаи Идораи тиҷорати давлатии ҳукумати шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) Ҷамъияти саҳҳомии “Хуросон” – ро таъсис дода, то дами марг мудири кулли он ба шумул мерафт.

Аз сӯи дигар, ба қавли наздикон, Султон Тӯраев ҳарчанд бо сиёсат сарукор надошт, аммо ба шеъру шоирӣ алоқаи зиёд дошт.

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

“Чанд намунаи ашъори он кас низ нашр шудаанд, ки то ҷое дилу нарму дунёи шоиронаи он касро ошкор мекунад”, - гуфтанд онҳо.

Ҷанозаи марҳум асри имрӯз, 21 сентябр, дар қабристони Калламанораи шаҳри Истаравшан ба хок супурда шуд.

7654

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

0
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

0
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон