Вакили қирғиз дар Тоҷикистон дучори садама шуд

387
Садамаи нақлиётӣ шаби 1 - ум ба 2 - юми декабри соли равон рух дод ва феълан Қодир Айбалиев дар бемористони Конибодом қарор дорад

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Бар асари садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон як вакили Қирғизистон ҷароҳат бардоштаст, хабар медиҳад Sputnik аз қавли ҳокими ноҳияи Боткант Боймурод Бекмуродов.

"Шаби 1 - ум ба 2 - юми декабр, вакили 33 - солаи Қирғизистон бо худраваш  Lexus LX 570 тавассути қаламрави Тоҷикистон самти Лейлак ҳаракат дошт, ки бо автомашинаи Opel бархӯрдаст", - изҳор намудаст Бекмуродов.

Гуфта мешавад, бар асари садамаи мазкур ҳар ду ронанда ба бемористон интиқол ёфтанд.

Пасарбачаи 10-сола мошинро рабуд, аммо дур нарафта ба садама дучор шуд

Ҳокими ноҳияи Боткант ба хабаргузорӣ иттилоъ додаст, ки феълан вакили қирғиз дар яке аз бемористонҳои шаҳри Конибодом қарор дорад.

387
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, қирғиз, вакил, мошин, садама