Пистолет

"Босс" - и олами ҷиноӣ аз Тоҷикистон дар куштори 4 нафар муттаҳам мешавад

1081
Тафтиши парванда марбут ба Лутфулло Муҳаммадиев мулақаб ба "Анвар" анҷом ёфтаст, ва номбурда дар содир намудани 4 куштор муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тафтиши парвандаи яке аз саркардаҳои мафияи тоҷикҳо дар Русия Лутфулло Муҳаммадиев анҷом ёфтааст, хабар медиҳад сомонаи Росбалт.

Бар хабари манбаъ, босси олами ҷиноӣ аз Тоҷикистон дар силсила ҷиноятҳо, аз ҷумла қатли 4 нафар гумонбар дониста мешавад.

Лутфулло, ки бештар бо лақаби "Анвар" машҳур аст, дар қатли ҳамватанони худ даст доштаст, гуфта мешавад дар хабар.

Аз дасти зердастони "Анвар" як ҷавони ванҷӣ ва Шуҳрат Яхшимуродов бо лақаби "Шуха", як роҳбари дигари мафияи тоҷикҳо кушта шуданд.

Куштор: Ҷӯрақулов барои қатли шавҳари хоҳараш ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Гуфта мешавад, Лутфулло дар қатли Мустафо як хешованди худ Шуҳратро айбдор намуда, соли 2014 дар Видно ӯро аз силоҳи оташфишон парондаст.

Зимнан, дар рафти тафтишот муайян гардид, ки Лутфулло ҳамчунин дар се ҳолати одамкушӣ низ даст доштаст. Ӯро кормандони пулис соли 2017 дар вилояти Владимирский боздошт намуданд.

Ба ҳангоми боздошт аз манзили ӯ норинҷак, маводи мухаддир ва адабиёти мамнӯъ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Як бор ҷастӣ малахак: Шералӣ Табаров дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуд

Росбалт мегӯяд, айбномаи ниҳоӣ бар зидди Лутфулло Муҳаммадиев бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноятии русия, аз ҷумла бар асоси моддаҳои 209 (бандитизм) ва 105 (куштор) эълон шудааст.

1081
Барчаспҳо:
куштор, мафия, Тоҷикистон