Арест, архивное фото

Дар Шаҳритуз ҷавони 23 сола падари масташро корд зад

252
Дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ ҷавонмарди 23 - сола падарашро, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, бо корд маҷрӯҳ кард

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Кормандони милитсия як сокини 23- солаи ноҳияи Шаҳритузро дастгир намуданд, ки дар суиқасд ба ҷони падари худ гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазлорати умури дохилии Тоҷикистон.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур рӯзи 1- уми декабр, тахминан соати 15:00 дар деҳаи Холматови ноҳияи мазкур рух додаст.

Гуфта мешавад, падари хонавода, марди 54 - сола, ки ҳамон рӯз дар ҳолати мастӣ ба хона баргаштаст бо фарзанди худ муноқиша намудаст.

Дар натиҷаи ҷангу ҷанҷол, писари 23 - сола бо корд 1 маротиба ба шиками падараш задааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Корд ба чашм: қатли ваҳшиёнаи наварӯси ҳомила аз сӯи шавҳар

Зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ВУД Тоҷикистон аз як ҳодисаи латукӯби шудани пирамарди 72 - сола аз ҷониби фарзанди худ хабар дода буд.

Манбаъ таъкид дошт, ки марди 32-сола санаи 16-уми ноябри соли равон, дар ҳавлии истиқоматиаш бо падараш, марди 76-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо дасту пояш ба аъзои бадани падараш задааст.

"Дар натиҷа, падараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст" – таъкид намудааст ВКД Тоҷикистон.

252
Барчаспҳо:
писар, падар, корд, Шаҳритуз