Боздошти нозири тамаъҷӯй дар Панҷакент: аз соҳибкор 6000 сомонӣ гирифт

© Sputnik / СтрингерТаджикские денежные знаки Сомони
Таджикские денежные знаки Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти мутахассиси пешбари нозири Шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ гунаҳкор дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, Қурбонов Муҳаммадҷон дар Шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Панҷакент ҳамчун Мутахассиси пешбар фаъолияти мекард.

Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкорро фиреб дод: боздошти зани 47 сола бо иттиҳоми қаллобӣ

"Номбурда бо мақсади ғаразу тамаъҷӯӣ ва тахдиди гузаронидани санҷиши камералӣ ба мағозаи хӯроквории "Арзон" воқеъ дар ҳиёбони Рӯдакӣ, назди бозори марказии шаҳри мазкур рафта, бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, инчунин ба ҷавобгарӣ накашидан, аз роҳбари мағоза-соҳибкор Яҳёев Ю.М. 6000 сомонӣ маблағи пулӣ талаб карда, гирифтааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, Қурбонов бо ин кирдорҳои ғайриқонунии худ ба соҳибкори мазкур зарари моддӣ расонидааст.

Ҷаримаи мақомдори Бохтар барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани замин

Зимнан аз рӯи ин ҳодиса 23 апрели соли равон аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент нисбати мутахассиси пешбари Шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Панҷакент бо моддаи 247 кисми 2 бандҳои "а", "г" Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент  нисбати Қурбонов  ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 22000 сомонӣ ба фоидаи давлат тадбиқ карда шуд.

ВУД: ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия

Гузашта аз ин номбурда ба мӯҳлати 2 сол аз ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва масъулияти молиявӣ дошта  маҳрум карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0